Дафтари матбуотии дастаи “Фиорентина” расман эълон кард, ки сармураббӣ Стефано Пиоли аз мақомаш барканор карда шуд. Мутахассиси итолиёвӣ аз моҳи июли соли 2025 дар “Фиорентина” фаъолият мекард ва то тобистони соли 2027 шартномаи ҳамкорӣ имзо карда буд.
“Стефано Пиоли дигар сармураббии “Фиорентина” нест. Клуб хабар медиҳад, ки имрӯз Пиоли аз иҷрои вазифаҳои сармураббии дастаи асосӣ озод карда шуд. “Фиорентина” мехоҳад аз Стефано ва ёваронаш барои касбият ва заҳмате, ки дар ҷараёни кор нишон доданд, изҳори сипос намояд”, — омадааст, дар изҳороти хадамоти матбуоти тими “Фиорентина”.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло “Фиорентина” дар зинаи охири ҷадвали Серияи А бо 4 имтиёз қарор дорад. Пиоли қаблан тарки “Ал-Наср” карда, корро дар “Фиорентина” оғоз намуда буд.
