LIVE

Бозии нахусти писари Роналду дар ҳайати мунтахаби Португалия

Дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Португалия мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Федератсияҳо”-ро дар шаҳри Анталия бо пирӯзӣ оғоз кард. Криштиану Роналдуи хурдӣ, ки 15 сола аст, аввалин бозии худро дар ҳайати мунтахаби то 16 солаи Португалия анҷом дод.
Мунтахаби то 16 солаи Португалия бо дастаи мизбон, тими миллии Туркия бозӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди мунтахаби Португалия анҷом ёфт.
Голҳои Самуэл Таварес аз "Спортинг" ва Рафаэл Кабрал аз "Брага" пирӯзии португалиҳоро таъмин намуд.
Дар ҳайати мунтахаби Португалия дар ин бозӣ писари яке аз нобиғаҳои футболи муосир - Криштиану Роналду дебют кард. Роналдуи хурдӣ дар дақиқаҳои охири қисми дуюми бозӣ ба майдон баромада, чанд дақиқаро дар майдон сипарӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло Ҷуниор Роналду ҳамчун ҳамлагар дар академияи клуби "Ал-Наср" –и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.
Тими миллии Португалия дар ин мусобиқа бозиҳои навбатиро рӯзи 1-уми ноябр бо мунтахаби Уэлс ва 3 –юми ноябр бо тими Англия баргузор мекунад. Дар оғози соли равон Роналдуи хурдӣ дар ҳайати мунтахаби то 15 солаи Португалия ба майдон омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив