Бозии даври чорякфиналии чемпионати ҷаҳонии ҷавонон миёни мунтахабҳои Норвегия ва Фаронса анчом ёфт. Бозӣ дар кишвари Чили дар варзишгоҳи Эстадио Элиас Фигероа Брандер баргузор шуда, бо пирӯзии Фаронса бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Ҷоми ҷаҳонии то 20-сола- 2025 - Даври чорякниҳоӣ.
Душанбе, 13 октябри соли 2025. 04:00 ДШБ
Норвегия U20 1:2 Фаронса U20
0:1 Буабре – 19' 0:2 Буабре – 37' 1:2 Холтен – 83'
Дар сафи мунтахаби Фаронса Симон Буабре ду гол зада, голи норвегиҳоро Расмус Холтен ба самар расонид.
Ҳамин тавр, мунтахаби Фаронса ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта. бо Марокаш, ки қаблан дар бозии чаҳорякниҳоӣ яккачини Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бозигарони то 20-сола-2025 аз 27-уми сентябр то 19-уми октябр дар Чили баргузор мешавад. Мунтахаби Уругвай қаҳрамонии ин мусобиқа мебошад.
