Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар тими Малдив пирӯзӣ ба даст овард.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шаҳром Самиев ва Шервонӣ Мабатшоев заданд.
Дар даври чаҳоруми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Малдив бозӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ 14 октябр дар шаҳри Мале баргузор мешавад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
Тоҷикистон - Малдив – 2:0
Голҳо: Шаҳром Самиев, 8 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (2:0).
Тоҷикистон: Олег Баклов, Зоир Ҷурабоев, Содиқҷон Курбонов, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Алишер Шукуров (Азизбек Далиев, 88), Шервонӣ Мабатшоев (Салоҳиддин Иргашев, 88), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Далер Имомназаров, 65), Шаҳром Самиев (Нуриддин Ҳамроқулов, 77).
Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев.
9-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5250 тамошобин.
