Ҳамаи ҷуфтҳои даври чорякфиналии Чемпионати ҷаҳон миёни то 20-солаи ФИФА-2025 муайян шуданд.
Як даста аз қораи Африқо (Марокаш), ду даста аз Амрикои Ҷанубӣ (Аргентина ва Колумбия), ду даста аз Амрикои Шимолӣ (ИМА ва Мексика) ва се даста аз қораи Аврупо (Норвегия, Фаронса ва Испания) ба ҳашт дастаи беҳтарини чемпионат ворид шуданд. Ҳеҷ як тиме аз қораи Осиё аз даври 1/8 финалӣ гузашта натавонист.
Ҷуфтҳои даври чорякфиналӣ чунинанд:
Аргентина - Мексика;
Колумбия - Испания;
ИМА - Марокаш;
Фаронса - Норвегия.
Бозиҳои даври чорякфиналӣ рӯзҳои 11-ум, 12-ум ва 13-уми октябр баргузор мешаванд.
Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон аз 27-уми сентябр то 19-уми октябр дар Чили ҷараён дорад. Тими миллии Уругвай қаҳрамони феълӣ мебошад.
