LIVE

Нокомӣ дар бозии охир аз Ӯзбекистон

Дастаҳои яккачини Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки пешакӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфта буданд, дар даври сеюми бозиҳои интихобӣ бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби калони 9-3 ба фоидаи бозингарони ӯзбек ба ангҷом расид. Рақобатҳои интихобӣ дар минтақаи ҷанубу маркази Осиё дар шаҳри Урмияи ҶИЭ давоми се рӯз баргузор гардида, дар он 7 даста ширкат кард. Бад-ин тартиб тимҳои футзали Ӯзбекистон, Тоҷикистон (аз гуруҳи А), Эрон ва Қирғизистон (аз гуруҳи В) ба қисмати ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Ҳоло ғайр аз мизбони мусобиқа (Туркманистон) 13 дастаи дигар расман ба чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Тақдири ду роҳхати дигар дар бозиҳои интихобии минтақаи Уқёнус ва Шарқи Осиё маълум мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив