LIVE

"Ливерпул" дар талоши харидории Родриго аз “Реал Мадрид”

Бошгоҳи "Ливерпул" нисбати ҳамлавари канории "Реал"  Родриго Гоес таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Абардастаи англисӣ бозигари бразилиро ивазкунандаи Луис Диас, ки дастаро тарк карда буд, мебинанд. Дар ин бора рӯзноманигор Пабло Оливейра дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.
Бино ба хабари манбаъ, намояндагони Родриго ҳоли ҳозир дар Бритонияи Кабир ҳастанд, то музокирот анҷом диҳанд. Қайд карда мешавад, ки бозигари бразилӣ аз имкони гузаштан ба “Ливерпул” ҳаяҷоновар аст.
Мавсими гузашта ҳамлагар дар 54 бозӣ ширкат карда, муаллифи 14 гол ва 11 партофти головар гардид. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳи испанӣ то тобистони соли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 90 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив