Бошгоҳи амрикоии «Орландо Прайд» ҳуҷумкунандаи тими миллии занонаи Мексика Лизбет Овалйеро ба даст овард, ки ин трансфер гаронтарин дар таърихи футболи занона гардид, хабар медиҳад сомонаи бошгоҳи амрикоӣ.
Шартнома бо Овалйе то охири мавсими соли 2027 бо имкони тамдидкунии он то соли 2028 ҳисоб шудааст.
Овалйеи 25-сола аз “Тигрес”-и Мексика ба сафи дастаи амрикоӣ кӯчид. Тибқи иттилои расонаҳо “Орландо” барои ин трансфер маблағи рекордии 1,5 миллион доллар (1,1 миллион фунт) пардохт кардааст. Қаблан гаронтарин трансфер дар футболи занон ин интиқоли ҳамлагари канадагӣ Оливия Смит аз “Ливерпул” ба “Арсенал” ба маблағи 1 миллион фунт буд, ки ин тобистон рух дод.
Овалйе дар ҳайати тими миллии занонаи Мексика 81 бозӣ анҷом дода, ба задани 20 гол даст ёфтааст.
