Сармураббии бошгоҳи “ПСЖ” Луис Энрике оиди ивазкунии дарвозабони даста Ҷанлуиҷи Доннарумма ба Люк Шевалйе сухан кард.
"Қабул кардани чунин қарорҳо ҳамеша душвор аст. Ман ҳеҷ мушкиле дар қабули онҳо надорам, аммо дар бораи бозингарони ба “ПСЖ” тааллуқдошта чизеро шарҳ намедиҳам. Ман ба ин манфиатдор нестам. Ман интиқодҳоро вобаста ба тасмими мо ва шахсан худамро мефаҳмам. Аммо мо ором ва дилпур ҳастем. Мо медонем, ки ба куҷо рафтан мехоҳем ва барои ман ин аз ҳама муҳимтар аст"- гуфт Энрике.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12-уми август Ҷанлуиҷи дар пайи овозаҳо оиди тарки даста намуданаш ба мухлисони “ПСЖ” муроҷиат карда, тасдиқ кард, ки дар тими шаҳри Париж намемонад. Шартномаи дарвозабон бо парижиҳо то соли 2026 мӯҳлат дорад.
