LIVE

“Лидс Юнайтед” аз «Милан» Ноа Окафорро харидорӣ кард

Ҳамлагари шветсарӣ Ноа Окафор аз бошгоҳи «Милан»-и Италия ба дастаи «Лидс Юнайтед»-и Англия гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии “Лидс Юнайтед” хабар додааст. 
“Лидс Юнайтед” бо хушнудӣ эълон мекунад, ки бо Ноа Окафор  шартномаи чорсола бо шарти гирифтани иҷозатномаи кор ва иҷозатномаи байналмилалӣ имзо шудааст.
Футболбози 25-сола бо қарордоди доимӣ аз абардастаи итолиёвӣ ба Элланд Роуд пайваст ва метавонад канори хати ҳамла амал кунад ва дар ҳолати зарурӣ як ҳамлагари марказӣ амал бошад”- гуфта мешавад дар изҳороти бошгоҳи англисӣ.
«Лидс Юнайтед» мавсими ҷории Премер-лигаи Англияро бо ғалабаи 1:0 бар «Эвертон» оғоз кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив