LIVE

Энрике ҳадафҳои мавсими нави “ПСЖ”-ро баён кард

Сармураббии «ПСЖ» Луис Энрике изҳори боварӣ кард, ки дар мавсими оянда дастаи парижӣ метавонад ба комёбиҳои бузургтар ноил гардад.
«Мақсади мо дар мавсими оянда беҳтар шудан аст. Дар мавриди ҷоизаҳо бошад, мушкилтар хоҳад шуд, зеро мо бояд барои ҷоизаҳои бештар мубориза барем. Аммо аз нуқтаи назари футбол, ман фикр мекунам, ки ҳам дар ҳамла ва ҳам дар дифоъ пешрафт хоҳем кард. Мо ҳанӯз вақт дорем, то бифаҳмем, ки ба чӣ диққат додан лозим аст.
Дар мавриди ҷоизаҳо бошад, мо мехоҳем барои ҳар яке аз онҳо мубориза барем. Албатта, ҳамаи мо боварӣ дорем, ки метавонем тамоми ҷомҳои имконпазирро ба даст орем ва муваффақияти худро дар соли ҷорӣ такрор кунем. Агар ин кор ба мо муяссар шавад, мо ба таърих дохил мешавем ва ин моро боз ҳам бештар рӯҳбаланд мекунад», — гуфтааст Энрике.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта «ПСЖ» дар Фаронса се ҷом ва дар Лигаи Чемпионҳо пирӯзӣ ба даст овард ва дар бозии ҳалкунанда «Интер»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Чемпионати Фаронса дар мавсими 2025/2026 рӯзи 17 август оғоз меёбад ва дастаи парижӣ дар меҳмонӣ бо «Нант» бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив