LIVE

Андрей Аршавин метавонад ба футбол баргардад

Собиқ капитани тими мунтахаби Русия Андрей Аршавин метавонад дар бозии Ҷоми Русия дар ҳайати дастаи медиа-футболи «Амкал» ширкат варзад. Ин хабарро соҳиби ин клуб Герман Эл Классико хабар додааст. Дар даври 1/128-ниҳоии мусобиқа «Амкал» рӯзи сешанбе, 19 август, бо «Калуга» бозӣ хоҳад кард.
«Шӯхие, ки дар чати мо дар твич ба миён омад: «БроукБойз» Фёдор Смоловро даъват мекунад, то ки ӯ аз рӯи голҳо ба Андрей Аршавин баробар шавад. Мо Андрей Сергеевичро даъват мекунем, то ӯ на танҳо имкони баробар шуданро надиҳад, балки дар задани голе низ кӯмак кунад, ки ин рекорди куҳансолтарин футболбозе мешавад, ки тӯри дарвозаи ҳарифонро такон медиҳад.
Рекорди феълӣ 39 сол аст. Андрей Сергеевич 44-сола аст. Ман як бор бо ӯ футбол бозӣ карда будам (пас аз ба охир расидани корномаи касбиаш). Ба шумо итминон медиҳам, ки ӯ дар ҳолати хеле хуб қарор дорад», — навиштааст Герман Эл Классико дар саҳифаи телеграми худ.
Блогер алоҳида қайд кардааст, ки аллакай бо намояндагони Андрей Аршавин барои баррасии имкони ширкати ӯ дар ин бозӣ тамос гирифтааст. Охирин дастаи собиқ футболбози «Арсенал»-и Лондон «Қайрат»-и Қазоқистон буд, ки ӯ соли 2018 онро тарк кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив