Собиқ бозигари «Ливерпул» ва тими мунтахаби Англия Стивен Ҷеррард дар бораи ҳамлагари собиқи мерсисайдӣ Майкл Оуэн, ки дар соли 2001, дар синни 22-солагӣ барандаи «Тӯби тиллоӣ» шуда буд, сухан гуфт.
«Ман бо ӯ бозӣ мекардам. Дар овони наврасӣ ӯ бениҳоят боистеъдод буд. Мегӯям, ки Майкл Оуэн дар ин ҷиҳат беҳтарин буд. Аммо Ламин Ямал ва Мбаппе низ ду бозигари афсонавӣ мебошанд. Ин ду бозингар барои «Тӯби тиллоӣ» рақобат мекунанд, аммо Оуэн онро аллакай ба даст овардааст. Ба назари ман, мо бояд ин далелро эҳтиром кунем, ки Майкл беҳтарин бозигари ҷаҳон эътироф шудааст», — гуфтааст Ҷеррард.
Дар тӯли фаъолияти худ Оуэн ҳамчунин дар дастаҳои «Реал Мадрид», «Манчестер Юнайтед», «Нюкасл Юнайтед» ва «Сток Сити» бозӣ кардааст.

