LIVE

Ҳарифи Тоҷикистон сармураббиашро иваз кард


Миодраг Радулович мутахассиси 51- солаи Черногрия аз вазифаи сармурабии яккачини Мянмар барканор гардид. Баъди бохти калон аз Қирғизистон (7:0) Федератсияи футболи Мянмар шартномаро бо ин мутахассис қатъ намуд. Акнун ӯро дар ин вазифа Антуан Хей, ки то ин дам дар вазифаи сармураббии дастаи олимпии Мянмар фаъолият мекард, иваз намуд. Антуан Хейи 49 сола як муддат ба сифати футболбоз дар дастаҳои маъруф чун "Шалке 04"-и Олмон (1992-94), "Бирмингем"-и Англия (1997-99) бозӣ кардааст. 14-уми ноябр ӯ ба сифати сармураббии нави дастаи мазкур аввалин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Тоҷикистон доир мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив