Бошгоҳи лондонии “Арсенал” дар сомонаи расмии хеш дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) оиди имзокунии шартнома бо собиқ дарвозабони “Челси” Кепа Аррисабалага эълон кард.
"Ин ҷо барои баланд бардоштани сатҳ аст. Кепа Аррисабалага – “тӯпчӣ” аст" - гуфта шудааст дар изҳороти бошгоҳи шаҳри Лондон.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки «Арсенал» барои дарвозабони 30-сола ба «Челси» 5 миллион фунт (5,85 миллион евро) пардохт мекунад.
Аррисабалага мавсими 2024/2025-ро тариқи иҷора дар “Борнмут” гузаронидааст. Дар ин муддат ӯ дар тамоми мусобиқаҳоо 35 вохӯрӣ гузаронида, 9 маротиба дар дарвозааш гол сар надодааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши ин дарвозабонро 10 миллион евро муқаррар кардааст.