LIVE

"Барселона" мехоҳад Рэшфорд ва Уилямсро харидорӣ кунад

Бошгоҳи футболи «Барселона» нисбати ҳамлавари «Манчестер Юнайтед»  Маркус Рэшфорд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Ба навиштаи The Times корҳо атрофи гузариш бозигари англис ба сафи "блаугранас" дар радифи музокираҳо бо “Атлетик” оиди харидории Нико Уилямс идома доранд.
Ба гуфтаи ин манбаъ ин гуфтушунидҳо аз ҳамдигар  вобастагӣ надоранд. Хабар дода мешавад, ки сармураббии “Барселона” Ҳанс-Дитер Флик интизор дорад, ки Рэшфордро ҳамчун ҳамлагари марказӣ чун ҳамлавари дуввум дар радифи Роберт Левандовски истифода кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Барселона» дар харидории вингери тими миллии Испания Нико Уилямс наздик аст. Маркус Рэшфорд тобистони имсол ба «Манчестер Юнайтед» баргашт. Футболбоз қисми дуюми мавсими 2024/2025-ро  тариқи иҷора дар “Астон Вилла” гузаронида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив