"Манчестер Юнайтед" бо ҳамлавари нави хеш Матеус Куня шартномаи панҷсола бо имкони тамдидкунӣ ба як соли дигар имзо намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳӣ.
Шартномаи ҳамлавари 26-сола то моҳи июни соли 2023 баста мешавад ва имкони тамдиди як мавсимро низ дар бар мегирад.
"Бо сухан гуфтан душвор аст, ки то чӣ андоза ман бозигари "Манчестер Юнайтед" ҳастам. Аз замони кӯдакӣ дар Бразилия дар хонаи бибиам Премер Лигаро тамошо мекардам. “Юнайтед” ҳамеша дастаи дӯстдоштаи ман буд ва ман орзуи пӯшидани пироҳани сурхи ин дастаро доштам. Мехоҳам ба аҳли оилаам ва ба ҳар касе, ки дар амалӣ шудани ин орзу кумак карданд, ташаккур бигӯям.
Интизор шуда наметавонам, ки тамринҳои пеш аз мавсимро оғоз кунам, бо ҳамдастаҳоям вохӯрам ва ба мавсими дар пешистода омода шавам. Ҳоло ман тамоми диққати худро ба он равона кардаам, ки як қисми арзишманди даста бошам ва ба ин бошгоҳ кӯмак кунам, ки ба қуллаҳои баландтарин баргардад” - гуфтааст Куня.
Таъкид гардид, ки “маникуаниҳо” маблағи трансферии бозигари бразилиро дар ҳаҷми 62,5 миллион фунт (беш аз 74 миллион евро) дар тӯли чаҳор ё панҷ мепардозанд.
Мавсими гузашта Куня дар тамоми мусобиқаҳо 36 бозӣ гузаронида, 17 гол ва 6 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи бозигар бо «Вулвз» то соли 2029 дар назар аст. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt оварда шудааст, арзиши бозории ин футболбоз 60 миллион евроро ташкил медиҳад.