Шаби 10-ум ба 11-уми июн ба вақти шаҳри Душанбе бозии даври 16-уми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Амрикои Ҷанубӣ миёни Бразилия ва Парагвай дар варзишгоҳи Нео Кимика Аренаи шаҳри Сан-Паулуи Бразилия бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Ҷоми ҷаҳонии 2026 — Амрикои Ҷанубӣ. Даври 16
11 июни соли 2025, чоршанбе. 05:45 ДШБ
Бразилия 1:0 Парагвай
1:0 Винисиус Жуниор – 44'
Голи ягона ва пирӯзиоварро дар ин дидор бозигари “Реал Мадрид” ва “пентакампеонҳо” Винисиус Жуниор ба самар расонд.
Ба ин тартиб, тими миллии Бразилия пас аз 16 бозӣ 25 имтиёз ба даст оварда, расман ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, ки дар ИМА, Мексика ва Канада баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Ду давр пеш аз анҷоми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бразилиягиҳо дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот аз Венесуэла, ки дар ҷои ҳафтум аст, 7 имтиёз бештар доранд. Зинаи ҳафтум дастрасӣ ба бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ барои дастрасӣ ба Ҷоми ҷаҳониро кафолат медиҳад.
Бояд гуфт, ки сармураббии мунтахаби Бразилия Карло Анчелотти, ки охири моҳи майи соли 2025 тамриндиҳии “пентакамеонҳо”-ро ба ӯҳда гирифт, пас аз ду бозӣ дар тими Бразилия пирӯзии аввалини худро ба даст овард.
