LIVE

Криштиану Роналдуи 40-сола рекорди ҷаҳонияшро нав кард

Ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду аз рӯи шумораи голҳо дар ҳайати тими миллии кишварашл рекорди ҷаҳониро нав кард. Дар бозӣ бо тими миллии Олмон (2:1) дар даври ниманиҳоии Лигаи Миллатҳо Роналду голи 137-уми худро дар ҳайати мунтахаби кишвар ба самар расонид.
Лигаи Миллатҳои УЕФА. Лигаи А. 1/2 финал
5 июни соли 2025, панҷшанбе. 00:10 ДШБ
Олмон 1:2 Португалия
1:0 Виртс – 48'     1:1 Консейсау – 63'     1:2 Роналду – 68'
Аз рӯи ин нишондод дар зинаи дуввум ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси қарор дорад, ки дар ҳайати тими миллии кишвараш 112 гол дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналдуи 40-сола 937-умин голи касбиашро ба ҳадаф расонид. Дар тӯли фаъолияти бозигарии худ Роналду 800 гол дар сатҳи бошгоҳӣ ва 137 голи дигар дар ҳайати тими миллии Португалия задааст.
Тими миллии Португалия дар финали Лигаи Миллатҳо бо ғолиби ҷуфти Испания-Фаронса вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив