LIVE

"Челси" оиди харидории Лиам Делап аз "Ипсвич" эълон кард

Бошгоҳи лондонии «Челси» дар сомонаи расмии хеш оиди харидории ҳамлавари «Ипсвич Таун» Лиам Делап эълон намуд. Шартнома миёни бошгоҳи  шаҳри Лондон ва форварди 22-сола то соли 2031 мӯҳлат дорад.
"Ман вазъи ин бошгоҳ ва масиреро, ки ба самти он бозигарон ва сармураббӣ ҳаракат мекунад, мефаҳмам. Ин барои ман як ҷои хубе барои рушд хоҳад буд ва  умедворам, ки дар инҷо ба натиҷаҳои аҷиб ноил шавам ва ба бошгоҳ баҳри ба даст овардани ҷоизаҳои бештар кӯмак хоҳам кард"- овардааст хадамоти матбуоти “Челси” аз суханони Делап.
Делап дастпарвари академияи ҷавонони “Манчестер Сити” буда,  тобистони соли 2024 ба “Ипсвич” гузашт. Мавсими гузашта форвард дар 37 бозии Премер Лига 12 гол ва 2 партофти головар дар номаш ихтисос додааст. Сомонаи Transfermarkt нархи ин футболбозро 40 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив