LIVE

Бозӣ миёни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Россия мусовӣ анҷом ёфт

Яке аз ду бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд.
Имрӯз, 3-юми июн мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15), ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ширкат мекунад, бо тими наврасони Русия рақобати якуми худро доир кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 хатм шуд. Голи дастаи моро Сиёвуш Назаров зад.
Бозии навбатии дӯстонаро бо тими Русия (U-15) мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки бо роҳбарии Далер Каёсов ҳафтаи гузашта дар Тошканд ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 гардид, анҷом   медиҳад.
Ин бозӣ рӯзи 6 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив