Бошгоҳи «Барселона» мехоҳад, ки бепул нимҳимоягари «Арсенал» Томас Партиро шомили тим тим кунад. Дар ин бора нашрияи The Sun хабар додааст.
“Каталониҳо” нисбати харидории футболбози ганагӣ ҳамчун агенти озод таваҷҷӯҳ доранд. “Блаугранас” аллакай бо атрофиёни нимҳимоятгари 31-сола, ки шартномааш бо бошгоҳи шаҳри Лондон охири моҳи июн ба анҷом мерасад, музокира анҷом додаанд.
Сармураббии “Барса” Ҳанс-Дитер Флик мухлиси ашаддии Парти буда, худи бозигар барои тим чун нафари пурқувваткунанда бидуни хароҷоти зиёдатӣ ба ҳисоб меравад.
Парти ҳамчунин аз ҷониби тимҳои Арабистони Саудӣ пешниҳод дар даст дорад, аммо аввалин иқдоми мушаххасро маҳз “Барса” анҷом дод.
Парти аз соли 2020 дар ҳайати “Арсенал” бозӣ мекунад. Мавсими гузашта ӯ 35 бозӣ дар Премер-Лигаи Англия анҷом дода, ба задани 4 гол ва ирсоли ду ассист даст ёфтааст.
