LIVE

Мавқеи «Реал Мадрид» оиди гузариши Роналду ба ин даста маълум шуд

«Реал Мадрид» ният надорад, ки ҳамлагари 40-сола Криштиану Роналдуро аз «Ал-Наср» ба даста баргардонад. Дар ин бора рӯзноманигор Пакожо Делгадо барои нашрияи Cadena Ser хабар дод.
"Ӯ [Роналду] ба “Реал Мадрид” намепайвандад"- гуфтааст Делгадо.
Қаблан мухлисони “тими шоҳона” дар назди пойгоҳи тамринии бошгоҳ овезае овехта буданд, ки дар он аз президенти “қаймоқиҳо” Флорентино Перес хостори баргардонидани футболбози португалӣ шуда буданд. Шартномаи Роналду бо «Ал-Наср» рӯзи 30-юми июн ба охир мерасад.
Ҳамлагар аз соли 2009 то соли 2018 дар ҳайати "Реал Мадрид" бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар тамоми мусобиқаҳо 438 бозӣ карда, ба задани 450 гол ва 131 партофти головар муваффақ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив