«Манчестер Сити» нисбати нимҳимояари бошгоҳи «Лион» Черки тавваҷҷӯҳ кардааст. Дар ин бора TEAMalk хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ “шаҳриён” тасмим гирифтанд, ки раванди имзои шартнома бо футболбози 21-соларо пас аз харидорӣ карда натавонистани нимҳимоятгари “Байер” Флориан Виртс суръат бахшанд. Тибқи шартномаи феълии Черки баҳри қатъ кардани он пеш аз мӯҳлат бояд, ки маблағи 24 миллион евро пардозт намуд. Худи футболбоз хоҳиши қавӣ дорад, ки ба дастаи Хосеп Гвардиола ҳамроҳ шавад.
Мавсими гузашта Черки 44 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида, 12 гол ва 20 партофти головар ба номаш ихтисос додааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории ин бозигар 35 миллион евро мебошад.
