ФИФА Конфедератсияи футболи Бразилияро (CBF) дар бораи зарурати тафтиши нақзи эҳтимолии муқаррароти агентҳои футбол ҳангоми ба кор қабул кардани Карло Анчелотти ба ҳайси сармураббии тими миллии мардонаи Бразилия огоҳ кардааст. Гап дар бораи пули комиссионии пешбинишуда дар ҳаҷми 1,2 миллион евро барои агент Диего Фернандес меравад, хабар медиҳад Ge.Globo.
Роҳбари ФИФА нисбати нақши Диего Фернандес, ки рӯзҳои охир пайваста Анчелоттиро то омаданаш ба Бразилия барои муаррифии расмӣ ба Конфедератсияи футболи Бразилия ҳамроҳӣ мекард, шубҳа дорад.
ФИФА аз хостор шуд то Конфедератсияи футболи Бразилия маълумотҳои расмӣ оиди Диего Фернандесро таъмин намояд ва инчунин дархост кард, ки дар бораи масъалаҳои зерин шарҳ диҳад:
Хулосаи мавқеъи Конфедератсияи футболи Бразилия (CBF) дар ин масъала, махсусан дар бораи нақши Диего Фернандес дар имзои шартнома;
Ҳама гуна мукотибаи марбут ба шартнома, алахусус дар бораи Диего Фернандес;
Нусхаи ҳамаи пардохтҳои аз ҷониби CBF дар робита ба имзои шартнома;
Дилхоҳ қарордодҳо миёни CBF ва Диего Фернандес.