LIVE

Ҷашнгирии Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 май дар саросари кишвар чорабиниҳои калон дар самти оммавӣ гардонии футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудаанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тамоми ҳаводорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисон даъват менамояд, ки дар таҷлили ⚽ Рӯзи ҷаҳонии футбол ширкат варзида, дар рушди фарҳанги футболи кишвар 🇹🇯 саҳм гузоранд. 
Ба барномаи ҳафтаи футбол, ки ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст, як қатор чорабиниҳо шомил гардидаанд:
Зиёда аз 25 фестивали футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои кишвар;
Бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия;
Рақобат барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода;
Бозиҳои силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025;
Оғози мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон;
Мусобиқаҳои кӯдакону наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;
Мастер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;
Мусобиқаҳо байни ташкилотҳо.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тамоми ҳаводорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисон даъват менамояд, ки дар таҷлили ⚽ Рӯзи ҷаҳонии футбол ширкат варзида, дар рушди фарҳанги футболи кишвар 🇹🇯 саҳм гузоранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив