LIVE

“Манчестер Юнайтед” ҳадафи асосии трансферияшро дар тобистон маълум кард

Ҳамлавари "Ипсвич Таун"   Лиам Делап таҳти тавваҷҷӯҳи хоссаи "Манчестер Юнайтед" қарор гирифтааст. Дар ин бора нашрияи Athletic иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ футболбози 22-сола аз вариантҳои асосӣ дар мавқеи хати ҳамлаи  бошгоҳи шаҳри Манчестер мебошад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки маблағи харидории футболбози 22-сола барои «Манчестер Юнайтед» метавонад 46 миллион евроро ташкил диҳад ва ин ҳам дар сурате хоҳад буд, ки агар «Ипсвич» аз ба Чемпионшип равад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки нисбати Делап “Челси” низ мароқ зоҳир кардааст.
Шартномаи кунунии ҳамлагар бо “Ипсвич” то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ин форвардро 25 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив