LIVE

«Лидс Юнайтед» ва «Бёрнли» ба Премер-лигаи Англия баргаштанд

Бошгоҳҳои «Лидс Юнайтед» ва «Бёрнли» расман ба Премер-Лигаи Англия баргаштанд. Дастахо ду давр пеш  аз анҷоми мавсим пешсафи худро аз зинаи сеюм ба 8 хол расониданд.
«Лидс» дар даври 44-ум «Сток Сити»-ро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. «Бёрнли» бошад дар навбати худ бар ракиби бевоситаи худ — «Шеффилд Юнайтед» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ёдовар мешавем, ки «Бёрнли» дар охири мавсими 2023/2024 аз ба Чемпионшип рафта буд. "Лидс" бошад Премер-лигаи Англияро ҳанӯз дар мавсими 2022/2023 тарк намуда буд. Аз Премер-Лига  тимҳои «Саутгемптон» ва «Лестер Сити» ба Чемпионшип рафтанд. “Ипсвич Таун” бошад имкони хурди математикии боқӣ мондан дар Премер-лигаро ҳифз мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив