Рӯзноманигор Бен Ҷейкобс дар саҳифаи X-и худ хабар медиҳад, ки дастаҳои Арабистони Саудӣ ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки ҳамлавари канории “Реал Мадрид” Винисиус Жуниорро дар тобистони соли 2025 харидорӣ кунанд.
Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди он ки футболбози бразилӣ борҳо хоҳиши бозӣ дар тими «Реал»-ро изҳор доштааст, робитаҳо миёни футболбоз ва намояндагони Про-Лигаи Арабистони Саудӣ то ҳол вуҷуд дорад. Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи интиқоли эҳтимолии футболбоз ба “Ал-Аҳлӣ” меравад, ки ба ин бозигар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад.
Мӯҳлати шартномаи феълии бозигари бразилӣ бо бошгоҳи шаҳри Мадрид тобистони соли 2027 ба охир мерасад. Дар мавсими имсола Винисиус дар 44 бозӣ соҳиби омори 19 гол ва 11 ассист шудааст.