Бошгоҳи англисии «Манчестер Юнайтед» нисбати дифоъгари марказии «Удинезе» Умар Соле таваҷҷӯҳ кардааст. Дар ин бора Messaggero Veneto хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ бошгоҳи чемпионати Италия омода аст, футболбози фаронсавӣро ба маблағи камтар аз 40 миллион евро бифурӯшад.
Мавсими ҷорӣ Соле дар 10 бозии Серияи А ширкат варзида, як партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кории футболбози 25-сола бо бошгоҳ то тобистони соли 2027 баста мешавад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози фаронсавӣ 14 миллион евроро ташкил медиҳад.
