Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Давҳа бозии санҷишии якумро анҷом дод.
Рӯзи 10-уми март тими наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Қатар бозии санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовӣ – 3:3 ба анҷом расид. Муҳаммад Назриев аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муаллифи ду гол шуд. Як голи дигарро Назрулло Ашӯрализода ба самар расонд.
Санаи 13-уми март тимҳои наврасони Қатар ва Тоҷикистон вохӯрии санҷишии дуюмро дар шаҳри Давҳа доир мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад
