Мунтахаби Бразилия баъди пирӯзӣ дар финали чемпионати ҷаҳонии футзал дар кишвари Ӯзбекистон ба маротибаи шашумин унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
• Ин навбат пирӯзӣ бо ҳисоби 2:1 зидди мунтахаби Аргентина ба қайд гирифта шуд.
• Дар шаҳри Тошканд нахустин финали умумиҷаҳонии футзали ФИФА™ миёни ду тими узви КОНМЕБОЛ доир шуд.
• Украина бошад дар навбати хеш баҳри гирифтани медалҳои биринҷӣ бо ҳисоби 7-2 Фаронсаро мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, даҳумин Ҷоми ҷаҳонии футзали ФИФА-2024™ бо услуби драмавӣ поин рафт, зеро дар Тошканд Бразилия бар Аргентина бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба унвони шашумини рекордии қаҳрамонии худ баъди қаҳрамонӣ дар солҳои 1989, 1992, 1996, 2008 ва 2012 расид.
Дар ин финали таърихӣ - аввалин бор байни ду дастаи Амрикои Ҷанубӣ ба аҳм омаданд - Феррао (5'47") ва Рафаэл (12'34") Бразилияро бо ҳисоби 2-0 ба пеш бароварданд. Ин ҳам албатта, ки қабл аз оне ба миён омад, ки Аргентина тавассути голи ҷавобии Матиас Роза (38'00") ба бозӣ баргаштанӣ шуд. Барои Аргентина, ки қаҳрамони ҷаҳони соли 2016 мебошад, ин бохти дуввуми пайдарпай дар бозии ниҳоӣ ва танҳо дуввумин бохт дар 21 бозии охирини Ҷоми ҷаҳонии футзали ФИФА мебошад.
Бразилия, ки аз 6 бозии финалии худ дар панҷтоаш пирӯз шудааст, бо ҳафт пирӯзӣ дар ҳафт бозӣ ва танҳо шаш голи сардода ба дарвозааш мусобиқаро ба анҷом расонд, ки ин беҳтарин нишондоди дифоъии ин тим аст.
Ҳамзамон бегоҳии ин рӯз рақобат барои ҷои сеюм ва дарёфти медали биринҷӣ оғоз ёфт; дар ин бозӣ Украина баъди пирӯзӣ бо ҳисоби 7-1 беҳтарин нишондодеро ба номаш ихтисос дода, мунтахаби Фаронса бошад дар аввалин баромади хеш дар марҳилаи финалӣ то ба ин марҳила расид.
Сарфи назар аз он, ки ғолибони мусобиқа пешгӯӣшаванда буданд - даҳумин мусобиқаи ҷаҳонии футзал аввалин сабқати бузургтарин буд. Ин аввалин бор буд, ки ФИФА дар Осиёи Марказӣ чунин чорабиниро баргузор кард; беш аз 150 000 мухлис миёни се шаҳри мизбони мусобиқа - Тошканд, Андиҷон ва Бухоро дар бозиҳо иштирок намуданд.
Мусобиқа, ки дар он 24 даста аз ҳамаи шаш конфедератсия иштирок доштанд, инчунин дар беш аз 175 қаламрави саросари ҷаҳон пахш ё паҳн карда шуд, зеро маъруфияти бозии футзал бо суръати бузург афзоиш меёбад.
Ҳамчунин ин бори аввал аст, ки намояндаи чаҳор кишвар бо нахустин маротиба дар ин мусобиқа ширкат карданд - Зеландияи Нав, Тоҷикистон ва Афғонистон барои аввалин бор дар Ҷоми ҷаҳонии футзали ФИФА ба Фаронса ҳамроҳ шуданд.
Ҷоизаҳо
Тӯби тиллоӣ adidas: Диего - Бразилия
Тӯби нуқра adidas: Марлон - Бразилия
Тӯби биринҷӣ adidas: Ростислав Семенченко - Украина
Кафши тиллоӣ adidas: Марсел - Бразилия
Кафши нуқрагӣ adidas: Даниил Абакшин - Украина
Кафши биринҷӣ: Кевин Арриета — Аргентина
Дастпӯшаки тиллоӣ adidas: Виллиан - Бразилия
Ҷоми FIFA Fair Play: Португалия
