LIVE

Оё дар Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 ҳангомаи асосӣ аллакай рух дод?

Испания ва Португалия аллакай аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд. Бразилия ва Қазоқистон то ҳол муборизаҳоро идома медиҳанд!
Рӯзи якшанбеи 29-уми сентябр бозиҳои даври чаҳорякниҳоӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал дар Ӯзбекистон оғоз мешаванд. Даври аввали плей-офф ба мухлисон якчанд натиҷаҳои тааҷҷубовар дар миён гузошт дод, аз ин рӯ, мубориза барои финалҳо аз он даме, ки интизор мерафт, гармтар хоҳад буд. Мусобиқаи асосӣ бо чӣ натиҷа паси сар мешавад?
Қаҳрамонони дукаратаи ҷаҳон оиди  футзал (2000, 2004) дар бархӯрд бо Венесуэла, ки ҳеҷ гоҳ аз марҳилаи аввали плей-офф пеш нарафтанд, фаворит дониста шуданд. Аммо дар Ӯзбекистон барояшон бахт омад накард: дар бозии нисбатан дифоъкорона венесуэлагиҳо аз фурсатҳои худ беҳтар истифода бурданд. Муддати дароз ҳисоб баробар буд (1:1), вале якуним дақиқа пеш аз садои ҳуштаки ниҳоӣ Каррено Испанияро ба мағлубият маҳкум кард.
Чемпионати ҷаҳон 2024. 1/8 финал
25-уми сентябри соли 2024, чоршанбе. Соати 17-30 бо вақти Душанбе
Испания 1:2 Венесуэла
0:1 Виллалобос – 12:54     1:1 Гомес – 23:53     1:2 Каррено – 39:42
Дар даври чорякфиналӣ Венесуэла бо тими Украина, ки бар Нидерланд бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд, рақобат мекунад. Онҷо Андрей Мелник муаллифи дубл шуда буд.
Аввалин санҷиш барои Бразилия
Бразилиягиҳо дар Ҷоми ҷаҳонии кунунӣ пирӯзӣ бар ҳама рақибони худро идома медиҳанд. Мунтахаби Коста-Рика аз  пентакампеонхо дар гурӯҳ чандон азоб накашид, вале он хам ба назар намоён буд — 0:5.
Қобили зикр аст, ки дар даври чорякфиналӣ Бразилия бори аввал бо рақиби ҷиддӣ вомехӯрад. Ин тими миллии Марокаш аст, ки бар Эрон бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ба эрониҳо дар як чанд лаҳза бахт омад накард, аммо ин дастаи қавии осиёӣ дар маҷмӯъ бозӣ рангину равшан анҷом дод. Ду даста аз рӯи қувва, қобилиятҳои техникӣ ва эҳсосот тақрибан баробар дар майдон буданд. Махсусан дар нимаи аввал, ки мубориза тезу тунд буд,  марокашиҳо ба бартарии 4:1 пешсаф шуданд. Эрониҳо пас аз танаффус ду гол заданд, аммо рақибон ҳар кори аз дасташон меомадаро карданд, то ғалабаи худро нигоҳ доранд.
Чемпионати ҷаҳон 2024. 1/8 финал
26-уми сентябри соли 2024, панҷшанбе. Соати 17-30 бо вақти Душанбе
Эрон 3:4 Марокаш
1:0 Дурахшонӣ – 03:34     1:1 Бузид – 06:55     1:2 Рофипур – 10:51     1:3 Ал-Масрур – 16:40     9:    2:4 Тойибӣ – 20:28     3:4 Оладгобод – 21:26
Қаҳрамони ҷаҳон аз идомаи рақобатҳо канор рафт
Мунтахаби Португалия, ки соли 2021 барандаи Ҷоми ҷаҳон шуда буд, албатта орзуи ҳифзи унвони худро дошт, аммо ноком шуд. Мунтахаби Қазоқистон чун чормағзест, ки  шикофтани он душвор аст ва ин кор ҳатто барои ҷанубиёни маккор ва техникй ҳам хеле сахт буд.
Қазоқҳо бо талоши Есенамонов дар дақиқаи 11-ум ҳисобро боз карданд, вале португалиҳо дар дақиқаи 21-ум ҳисобро баробар карданд. Тамошобинон голи сеюм ва охирини бозиро 14 сония пеш аз анҷоми ба самар расониданд. Даурен Турсагулов ҳуҷуми тезкорона анҷом дода, дастаашро ба марҳилаи чорякфиналӣ расонд. Гуфта намешавад, ки касе ба Қазоқистон бовар надошт, аммо ба ҳар ҳол имкони Португалия бештар арзёбӣ мешуд.
Чемпионати ҷаҳон 2024. 1/8 финал
26-уми сентябри соли 2024, панҷшанбе. 20:00 бо вақти Душанбе
Португалия 1:2 Қазоқистон
0:1 Есенаманов – 10:23     1:1 Зикки – 20:16     1:2 Турсагулов – 39:46
Дар даври чорякфиналӣ Қазоқистон бо Аргентина вомехӯрад ва ин бешубҳа боз як бозии пуршиддат ва хеле шавқовари дигар хоҳад буд. Мо интизори мубориза ҳастем!
Дар доираи рақобат миёни ҷуфти охирин Фаронса ва Парагвай бозӣ мекунанд. Фаронсавиҳо роҳи осонро интихоб карда, Таиландро бо ҳисоби 5:2 маглуб карданд. Парагвай бошад дар вақти изофӣ (бо ҳисоби 3:1) бозиро зидди Афғонистон анҷом дода буд. Гуфтан душвор аст, ки кадоме аз ин ду даста бо роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ дар таърихи худ натиҷаи баландтаринро мегузорад, аммо дар он ҷо тӯъмаи Аргентина ё Қазоқистон хоҳанд шуд.
Манбаъ: "Чемпионат"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив