LIVE

Асрори нокомии бозии ҳуҷумкори испанӣ бар муқобили ҳимоягарии боэътимоди шведӣ

Мунтахаби Испания нишондоди рекордии Евро-2020-ро дар тӯбнигоҳдорӣ  барҷой гузошт, аммо қаҳрамонии хоссаи шведҳо садди роҳи зафар барояшон гардид.  Возеҳтар карда гирем дар бозии нахусти гурӯҳии хеш дар Евро-2020 мунтахаби Испания ҳеҷ голе вориди дарвозаи шведҳо карда натавонисту кулли ин  нокомиҳоро албатта,ки хати ҳимояи пурқудрати скандинавиҳо сабабгор шуд. Дар назари аввал Луис Энрике бозигузории манфиатбахшеро дар тӯбнигоҳдорӣ роҳандозӣ намуд, аммо дар асли кор чунин услуб ҳолатҳои зиёди голзаниро ба бор наовард. Кулли чизро албатта  барои бозии натиҷабахши инфиродии ду ҳимоягар, дарвозабон ва ҳамлавари мунтахаби скандинавӣ саддгузор шуд.  

Ба таври умум агар бигирем дар бозии нахусти   Евро-2020 даста аз нимҷазираи  Пиреней бозии ниҳоят дидание нишон дод,ки чун дар Ҷоми ҷаҳонӣ испаниҳо нишондоди рекордӣ аз рӯи тӯбнигоҳдориро дар бозии алоҳида   ба худ ихтисос доданд.  




Дар ҳамин бозӣ бошад хати ҳамлаи испаниҳо бо дифоъи сеқабатаи шведҳо  бархурд шуда, дастаи   Янн  Андерссон бо услуби классикии  4-4-2 ва нимаи майдонии бидуни тӯб қариб,ки тамғаи ҳуҷумии испаниҳоро аз худ намуд. 

Дар ҳамин бозӣ  Луис  Энрике яку якбора чанд омодасозиҳо аз барои рафти бозӣ дошт ва асоситарин корбарӣ ин ҷойгиркунии   Педри ва Коке наздиктар ба дифоъгарон буд. Онҳо тариқи истифодаи партофтҳои кӯтоҳи диагоналӣ ва ҳаракат ба минтақаҳои марказӣ ба  хати пеши ҳариф ҳуҷум мекарданд.  Маҳз ба ҳамин кор испаниҳо каму беш имкон пайдо менамуданд,ки тӯбро наздиктар ба ҷаримагоҳи шведҳо расонанд.  

Дар хати ҳамла нақши калидиро Алваро Мората иҷро менамуд, замоне,ки тариқи ҳаракатҳои бошуурона барои кулли даста ёрирасон буд, ҳарчанд,ки дар дақиқаи   37-уми бозӣ ҳолати воқеии голзаниро ҳам аз даст дода бошад.    Ҳамлавари  “Ювентус” дар мавқеҳои мухталифи майдон фишороварӣ менамуд, то ки сарборӣ ба миён оварда, мавқеҳои майдониро  барои суръатгирии ҳамдастаҳояш ба ҷаримагоҳи ҳариф озод намояд. 





Дар натиҷаи ин раванд бозии мунтахаби Испания хислати ҳуҷумии солимро ба худ касб намуд. Маҳз тариқи ҳамин раванд ҳаракатҳои бидуни мавқеъӣ ҳам роҳандозӣ шуданд,ки бояд ба хати мустаҳками дифоъи шведӣ зарбазан мешуданд. Ана дар иҷрои ин кор мушкилиҳо ба миён омаданд.  Дастаи  Энрике  17  зарба ҷониби дарвозаи ҳариф равон намуд,ки аз онҳо   6 зарба умуман берун аз ҷаримагоҳ зада шуданд,ки барои тамғаи бозикунии нигаронидашуда ба дарвозаи ҳариф ҳолати шокро ба миён меорад.  Дар нимаи дуюми бозӣ   испаниҳо дар қисмати бештари вақт бозиро бидуни ирсолҳои хатарнок пас сар менамуданд,ки ин ҷо метавон аз рафти бозӣ аз дақиқаҳои  51-ум то 67-ум ва аз дақиқаи 74-ум то 89-умро мисол овард.  

Сабаби аслӣ инҷо албатта саҳми инфиродии бозингарони шведӣ дар симои Виктор Линделёф ва   Маркус Даниэлссон мебошад,ки дар маҷмуъ 19 маротиба ҳуҷуми испаниҳоро бартараф намуданд. Ҳарчанд,ки ин кори оддӣ ҳам бошад,вале муҳимтарин амал дар бозии характери дифоъкорона мебошад.   Робин Улсен бошад барои намоиши даставии шведҳо панҷ ҳолати наҷот аз гол бахшид, ки қисми бештарашонро  (масалан, пас аз зарбаи  Дани Олмо дар дақиқаи  15-ум) дақиқан ҳам қаҳрамонии хосса гуфтан зарур аст.  
Эҳтироми алоҳидаро ҳамчунин Александр Исак арзанда гардид. Ин нафари ояндадор аз   "Реал Сосйедад"  шахсан мунтахаби Шветсияро ба бозии ҳуҷумкор роҳнамун месохт ва айнан ҳамин бозингар хатарноктарин ҳуҷуми скандинавиҳоро дар дақиқаи   40-ум барои   Маркус Берг созмон дод.  Дар дақиқаи 60-ум аллакай чунин партофтҳо аз ангуштшумортарин ҳаракатҳои манфиатбори ҳуҷумии  шведҳо дониста мешуданд.  



Агар хулосабарорӣ кунем мунтахаби  Испания бозии ҷолиби ҳуҷумкор  нишон дод, аммо ба дастаи   Энрике ҳолатҳои воқеии голзанӣ камбуд шуданд,ки ин ҳама аз қаҳрамониҳои шведҳои алоҳида бармеояд.  Имкониятҳои аввалиндараҷаро баҳри комёбиҳои пурдурахш дар ҳамин  Евро ҳардуи дастаҳо дар ихтиёр доранд ва гурӯҳи E аз ин баъд ба мақоми ҷолибтарин гурӯҳ аз лиҳози бозӣ пас аз гурӯҳи F муддаӣ хоҳад буд. Худи бозӣ байни мунтахаби Испанияву Шветсия бошад   бо натиҷаи  0:0 ва чун нахустин мусовии бидуни ягон гол дар Евро-2020 анҷом ёфт.  
Таҳияи Имомбек Шодибекзод

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив