LIVE

Орзӯи деринтизоре,ки оқибаташ сартопо нокомиҳову бохт аст ва ё ки чаро тимҳои футболи тоҷик дар Ҷоми КФО нокоманд????

Дастаҳои муддаӣ барои ишғоли мақомҳои ифтихорӣ ҳамасола бо ҷалби бозингарони беҳтарини дохил ва даъвати чанде аз зархаридони хориҷ ҳамасола дар Лигаи Олии Тоҷикистон талош ба харҷ медиҳанд,ки бо анҷоми чемпионат дар зинаҳои нахуст қарор бигиранду роҳхати пуршарафи иштирок дар мусобиқаҳои бошгоҳии қоравиро ба даст оваранд. Ҳарчанд,ки  пас аз соли 2015 дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) танҳо “Истиқлол” дар ин мусобиқот баромади чашмрасе дошту ду маротиб дар бозии ниҳоии ин мусобиқот ҳам ширкат варзида буд, чанд соли ахир дастаи “Хуҷанд” баҳри иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО муборизаи беамон  бурда, ду мавсим паи ҳам берун аз марз ҳам баромад кард. 
    "Истиқлол" дар бозии Ҷоми КФО-2017  


Бо вуҷуди касби холҳои бештаре худи “Истиқлол”-и Душанбе ба нахустин бор дар ҳамин мавсим дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё роҳ гирифту натиҷаҳои ҳангомасоз ҳам соҳиб шуд, аз ҷониби дигар бошад “Равшан”-и Кӯлоб (чун барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020) ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд (барандаи нишонҳои нуқраи Лигаи Олии мамлакат дар соли 2020) дар Ҷоми КФО-и мавсими имсола кишвари моро муаррифӣ намуданд (маҳз  чизеро,ки матлаби имрӯзаи мо фарогир аст).

    "Хуҷанд" бар муқобили "Насаф"


Ба таври дигар гирем матлаби имрӯзаи мо ҳам таҳлили баромади тимҳои пештози футболӣ ва ширкаткунандагони Ҷоми КФО дар симои “Хуҷанд”-у “Равшан” дар мавсими ҷорӣ аст,ки бо орзӯи деринтизор ба футболи қоравӣ роҳ гирифтанду ҳардуи дастаҳо дуюмин маротиб дар марҳилаи гуруҳӣ ноком шуданд,ки албатта дар хусуси баромадҳояшон дар алоҳидагӣ хоҳем гуфт.  

Дастаи “Хуҷанд” чун яке аз пуриқтидортарин дастаи футболии меҳан, ки сар аз соли 1992 инҷониб бетаннафус  дар Лигаи Олии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба ишғоли зинаи дуввум дар олитарин дивизиони  футболии Тоҷикистон    маротибаи дуввум бозиҳои  марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-ро номуваффақ анҷом дод, новобаста аз он,ки кулли бозиҳои марҳилаи гурӯҳии хешро бо вуҷуди мухлисони худӣ дар шаҳри Душанбе доир намуд. Мавсими нахусти баромади дастаи “Хуҷанд” дар соли 2019 ҳарчанд, ки барояш вақти рақобат бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон, “Дордой”-и Қирғизистон ва “Антин-Асир”-и Туркманистон бино бар сабаби камбуди таҷриба бо мушкилиҳо паси сар шуд, чи тавре аз рақобатҳои 
имсолаи “Хуҷанд” мушоҳида шуд “уқобон”и шимолро то ҳол бӯҳронҳои натиҷавӣ пайгиранд.  “Хуҷанд”  аллакай дар нахустин бозии марҳилаи гӯрӯҳӣ бар муқобили “Алтин-Асир”-и аз дақиқаи 15-уми дидор 10-нафара касби се хол карда натавонист. Бозии мазкур албатта санаи
16-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо натиҷаи ду бар ду анҷом ёфт. 

      Натиҷаи бозии "Хуҷанд"- "Алтин Асир"



Дуввумин бозии намояндаи кишвари мо дар Ҷоми КФО бошад бо тими                                                                           “Насаф”-и Ӯзбекистон доир шуд, ки дар ин рақобат “Хуҷанд” се голи беҷавоб хӯрда бо сифр имтиёз ва дафн кардани умедҳои баромадан аз гӯруҳ майдони варзишгоҳи марказии  ҷумҳуривиро тарк намуд. Аз фурсатҳои нахусти бозӣ бар муқобили “Насаф” аз Суперлигаи Узбекистон баръало рӯшан буд, ки агар дастаи даҳнафараи Туркманистонро мағлуб карда натавонӣ, рақобатпазирӣ бар муқобили“Насаф”, ки дар гузашта дар 
Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё баромад мекард, барои хуҷандиён бо чунин қудрату тавон мубориза ниҳоят  мушкил буд.

Навобаста аз он, ки дар сеюмин дидори марҳилаи гӯруҳии Ҷоми КФО дастаи “Хуҷанд” “Алай”-и Қирғизистонро 2:0 сар кӯфт, аз лиҳози арзиши холӣ дар ҷадвали гӯруҳи F ин пирӯзӣ ба ҷуз тасаллобахшии мухлисони вафодораш дигар  мақоми хосае надошт. “Насаф”-и Ӯзбекистон бошад бо касби 9 хол аз се бозӣ роҳхати марҳилаи ҳазфии Ҷоми КФО-ро соҳиб шуд дар ҳоле, ки дуввумин дастаи пурқудрати кишвар муолиҷаи нокомиҳо мекунаду баҳри ояндасозиву баромади муваффақ берун аз марз чораҳои таъсирбахш бояд,ки андешад.

Натиҷаи дастаҳои узви гуруҳи "F"

Дуввумин намояндаи Тоҷикистон дар ҷоми КФО дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буд,ки ҳамчунин маротибаи дуввум дар марҳилаи гӯруҳии ин мусобиқоти қоравӣ баромад намуда, дар қиёс ба “Хуҷанд” кулли бозиҳои  гурӯҳияшро дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гузаронид. “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи Е бо дастаҳои “Аҳал”-и Туркманистон ва     “Дордой”-и Қирғизистон қарор гирифта, ҳардуи бозҳои доирнамудаашро мутаносибан (0:3) бар Дордой ва (1:3) бар Аҳал бохт. Ҷоизадори Ҷоми Тоҷикистон 2020 ба мисоли мавсими 2013-2014 марҳилаи гӯруҳии  Ҷоми                                       КФО-ро бидуни ягон пирӯзӣ анҷом дода, дар масири ду бозӣ танҳо ба задани як гол даст ёфт.

Натиҷаи бозиҳои узви гурӯҳи "Е"




Бояд гуфт, ки пас аз саргузашти дуввумбораи кӯтоҳи “Равшан” дар Ҷоми КФО аз ин пас кулли нерӯ ва тавонро барои рақобати арзанда дар Лигаи Олӣ ба харҷ дод,то ки имконияти ба даст овардани роҳхати Ҷоми КФО-ро дар мавсими оянда соҳиб шуд. Новобаста аз он, ки пеш аз сафар ба Бишкек “Равшан” ҳайаташро бо чанде аз бозингарони хориҷ пурра намуд, аммо аз рафти ду  бозии анҷомдода дар Бишкек метавон хулоса кард, ки намояндагони Лигаи Олии мамлакат ба истиснои “Истиқлол”-и Душанбе баҳри рақобати чашмрасу арзанда дар арсаи байналмилалӣ куллан омода нестанд ва ин мавзӯъи қобили баррасиест, ки солиёни  зиёд роҳи ҳал меҷӯяд. Аммо ба назари шахсии банда бидуни ҷалби сармоягузориҳои барқарору дастгириҳои хосса, таъғири куллии системаи рушди бошгоҳӣ, ислоҳоти чашмрас дар системаи менеҷменти даставӣ, корбариҳо дар самти корҳои трансферӣ, бунёд ва азнавсозии инфрасохтори бошгоҳӣ ва таҳкимбахшии футболи кӯдакона,ки заминаи бунёдиву ояндасозии чунин бошгоҳҳои муаррифгар дар сабқатҳои қоравӣ мегарданд, қадамҳои нобоваронаву тарсолуд задан дар хоки майдонии Ҷоми КФО танҳо бар зарари кор ва поин омадани эътибори футболи бошгоҳии меҳан мешаваду ҷуз аз ин чизе не!
Таҳияи Имомбек Шодибекзод





 






Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив