LIVE

Гуфтаҳо аз нақшаҳои аслии трансферии «Ман Сити» дар тобистон

«Манчестер Сити» кӯшишҳои харидории ҳамлавари  «ПСЖ» Килиана Мбапперо дар ҳамин тобистон намекунад.   Тибқи гуфтаҳои  The Athletic, «шаҳриҳо» бештар ба варианти даъваткунии ҳамлавари    «Боруссия»-и Дортмунд  Эрлинг Холанд моиланд ва ҳамчунин бошгоҳи манчестерӣ дар  маҳорати ҳамлавари  «Интер» Ромелу Лукаку иштиёқманд аст.


Сабаби асосии иштиёқи камтари   «Сити» нисбати  Мбаппе – талаботҳои калони пулии бозингари фаронсавӣ дар маош аст. Бошгоҳ намехоҳад структураи маошдиҳиро вайрон кунад ва ҳамчунин  бо даъвати бозингари гаронмузд муҳити даставиро вайрон карданӣ нест.  
Мбаппе мехоҳад,ки ба андозаи ҳамлавари дигари   «ПСЖ» Неймар пул кор кунад ва дар чунин рафти кор рафтани   Мбаппе ба тими дигар дар тобистони соли   2022 имкон дорад, замоне,ки мӯҳлати шартномааш бо    «ПСЖ» анҷом меёбад. Аммо парижиҳо метавонанд кулли имкониятҳоро истифода баранд,то ки ситораи асосияшонро бепул аз даста ҷавоб надиҳанд.  




Маҳз бо ҳамин мафҳум гузариши  Холанд эҳтимолияти зиёд дорад. Нисбати бозингари мунтахаби Норвегия ҳамчунин   «Челси», «Манчестер Юнайтед», «Бавария», «Реал» ва «Барселона» иштиёқи хосса доранд.  Ҳамчунин суолҳо дар бораи оне низ вуҷуд доранд,ки  «Сити» чӣ тавр бо агенти футболбоз   Мино Райола ҳамкорӣ мекунад, нафаре,ки манфиатҳои футболбози норвегиро ҳифз мекунад. Аз ҷониби дигар бояд далелеро ҳам гуфт,ки падари ҳамлавари норвегӣ   Алф-Инге Холанд дар сафи ин бошгоҳ бозӣ кардааст ва бо ин  далел метавон гуфт,ки кор роҳи ҳалшавиро дорост, менависад The Athletic. Пештар бошад хабар дода мешуд,ки трансфери  Холанд –яке аз нақшаҳои асосӣ барои  «Реал» ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив