LIVE

Пирамарди садсолае,ки 33 миллион фунт аз барои мубориза бо Ковид ҷамъоварӣ намуду бо даргузашти хеш ҷаҳони футболро ба ғам гирифтор кард.


Охири моҳи январ бошад ин нафар худ коронавирус шуда буд



Шумо дақиқан Том Мурро дар хотир доред. Маъзарат капитан Мур-ро. Ин пирамарди бузург пеш аз ҷашнвораи 100-солагияш марафоне баргузор намуд: ният дошт,ки даври 120 метра  дар қафои ҳавлии хонааш занад, барои он ки баҳри кормандони Хадамоти миллии тандурустӣ  (NHS) маблағ ҷамъ намояд,нафароне,ки ӯро дар табобати саратону шикасти қабурғаҳо кӯмак намуда буданд.  
Охири моҳи январ навиди ғамангезе пайдо шуд: Мур ба сирояти коронавирус гирифтор шуда буд. Собиқадор мушкили нафаскашӣ пайдо карду ӯро ба шифохона бурданд. Санаи 2-юми феврал бошад духтараш изҳор намуд,ки   Том Мур даргузашт.
Соатҳои ахир ӯ  бо ҳамроҳии наздикон мегузаронд ва онҳо дар хусуси кӯдакӣ ҳарф мезаданду шоди намуда, ашк мерехтанд: «Соли ахири ҳаёти падарам ниҳоят ҷолиб буд. Ӯ ба мисоле,ки ҷавонтар мешуду дар бораи чизҳои зиёде орзӯ менамуд. Хотираҳо аз он пуранд,ки чӣ тавр ӯ бароямон падари хуб буд ва ӯ ҳама вақт дар қалбамон зинда хоҳад монд».
Ба хотири қаҳрамон  дар фурсатҳои ахир дар худи намои London Eye нишонаи арҷгузорӣ пайдо шуда буд:




Ва ҳамчунин дар Саутпорт низ:






Ва ин бошад саҳнаи пеш аз рақобати ПЛА «Лидс» – «Эвертон»: 




Бозингарони «Бернли» ва «Манчестер Сити» низ   хотираи ин инсони накӯро арҷгузорӣ намуданд:






Биёед ба хотир биёрем,ки Том Мур нафаре,ки замони пандемия барои бисёриҳо ормони зиндагӣ бахшид бо чӣ хизматҳое ба ёдгор мондааст.
***
Баҳор ӯ марафонеро ташкил намуд,то барои Хадамоти миллии тандурустӣ кӯмак намояд: ӯ бояд,ки 10 давр дар як рӯз роҳ мегашт ва 1000 фунт ҷамъоварӣ мекард,аммо марафон аз марзҳо берун баромаду дар кори хайри Том садҳо ҳазор нафар аз саросари дунё саҳим шуданд. Капитан Мур ба мақсади ниҳоии 100-метраи худ расиду ҳаҷми умумии маблағи ҷамъшуда барои табибон аз   33 млн фунт зиёд шуд.




Чунин раванди кори ифтихории пирамарди бузургро сарвазири Британияи Кабир ҳатто Борис Ҷонсон ҳам қадрдонӣ карду сипас бо тавсияи сарвазир  Том Мур унвони арзишманди  “Сэр”-ро соҳиб шуд.


Марафони корномавии  капитан Мур  бошад ба анҷом нарасида, дар якҷоягӣ бо сароянда Майкл  Болл ва кормандони NHS Том суруди You’ll Never Walk Alone –ро ҳам бозхонӣ кард,ки албатта дар даврони мушкили пандемия беҳтарин наво аст. Ин суруд дар Британия  ба мавқеи аввал баромада, капитани он вақт ҳанӯз 99-сола аз куҳансолтарин иҷрокунандаи суруд гардид,ки дар қиёскунӣ аз рекордгузори пешин   Том  Ҷонс,ки    68 солу нӯҳ моҳ дошта буд  пеш гузашт. 
«Набераҳоям боварӣ пайдо нахоҳанд кард,ки ман дар ин қисмати кор садрнишинам! Мо ҳама якҷоя ҳастему ман Шуморо барои дастгириятон ташаккур мегӯям. Ин танҳо исбот мекунад: ту ҳеҷ вақт танҳо нахоҳӣ буд», – изҳор намуда буд Мур аз барои дастоварди
хеш.


Албатта,ки маблағҳои пулӣ аз фурӯши суруд ҳам ба хазинаи  NHS ворид карда шуданд ва баъд аз ин Мур дар хусуси саёҳат ба Ҳиндустону Амрико орзӯ менамуд ва ҳамчунин  дар шоҳроҳи дастони  66 қадамзанӣ мехост, шоҳроҳе,ки яке аз нахустинҳо дар системаи шоҳроҳии Амрико рақамгузорӣ шуда буд.
Хонаи охиратат обод бод Том Мур!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив