LIVE

Даҳгонаи беҳтарин гузаришҳои трансферии мавсими 2019/20 аз нигоҳи шабакаи ESPN

Шабакаи варзишии ESPN (Entertainment and Sports Programming Networк), ки худ шабакаест дорои мартабаи “пешвои дунёӣ дар варзиш” бо  пешниҳоди навбатии хеш аз футболи англисӣ таҳлилҳо анҷом додаву даҳгонаи беҳтарин гузаришҳои трансферии мавсими 2019/20 чунин тавр маълум кард: 
 
10. Ҳамин тавр тибқи руйхати ESPN мавқеи даҳуми беҳтаринҳои трнасфериро Исмаила Сарр пас аз гузариши хеш аз "Ренн" ба "Уотфорд" ҷойгузин шудааст. Чаро на каси дигару Исмаила Сарр? Магар аҷиб нест?     




Набояд, ки аҷиб бошад чаро ки ҳамшаҳрии 21-солаи Садио Манеро тими “Уотфорд”  беҳуда бо арзиши рекордӣ барои дастаи хеш ё худ 35 миллион евро нахарида буд. Маҳз ҳамин нафар бо ташрифи хосса ба ватани футбол на танҳо бо 5 голу чор паси головари хеш дар 19 бозӣ “Уотфорд”-ро аз ғарқшавӣ дар умқи ҷадвали ПЛА як зина боло бурд, балки барои артиши чандҳазораи сурхони “Ливерпул” ҳам душмани ашаддӣ гашт. Ду голи калидии Исмаила Сарр дар бозӣ бо “Ливерпул” на танҳо ба нахустин бохт дар мавсим ва шикасту рехти омори 44 бозии бебохти энфилдиҳо нуқта гузошт, балки  мерсисайдҳои пурғурурро аз умеди гирифтани ҷоми тиллоӣ  маҳрум кард. 
Аммо бо вуҷуди кулли ин қаҳрамонӣ  шабакаи ESPN   ба ин сенегалии чаққон танҳо мавқеи ахири руйхатро насиб кардааст.

9. Як зина пештар аз Исмаила Сарр  бошад   ба қавли амрикоиҳои футболдон гузариши Матео Ковачич аз  “Реал”  ба “Челси”  мебошад. Ковачиче, ки нахуст тариқи иҷора ба Лондон омаду пасон бо арзиши 35 миллион евро бозингари ҷониби лондонӣ гардид.



Тибқи оморҳои  расмӣ новобаста аз натиҷаи 1 голу 3 партофти натиҷабахш дар 25 бозӣ бо пироҳанҳои “кабудҳо” иштирокчии финали мундиал-2018 аз 12 бозии ахир бо “Челси” танҳо се маротиб бехол аз майдон берун шудааст ва он ҳам дар бозӣ бар муқобили абардастаҳо. Эҳтимолан 662 дақиқаи дар майдон будаи Ковачич кафолати мавқеи чоруми устувори  “Челси”  дар мавсими то ҳол анҷомнашуда аст. 

8. Зина ҳаштуми беҳтарин гузаришҳои англисиро бошад коршиносони амрикоӣ аз   И-Эс-Пи-Эн   насиби Аарон ван Биссака кардаанд. Нафаре,ки якуми июли соли 2019 бо арзиши  35 миллион евро ахиран қасри булурини Лондонро тарк намуда, ба пеши Сулшер омад. 


Ду паси  головари Аарон дар 26 бозӣ бидуни ягон амали дигар албатта,ки омори на он қадар ҷолиб аст.  Шигифтовар он аст, ки ван Биссака дар бозӣ бар муқобили тимҳои пурқудрати шашгонаи бузург барои девони сурх чӣ қадар манфиатовар буд, хусусан дар бозиҳои пирӯзиовар бар муқобили ҳамсоягони даҳшатафкан аз варзишгоҳи “Иттиҳод”.

7. Ҳафтгонаи бузурги раддабандии мазкурро Нил Мопеи бароямон ношинос аз Чемпионшип гирифтааст. 


Ин фаронсавии 23-сола, ки сароғози мавсим  бар ивази 20 миллион пулҳои британӣ роҳхати арзандаи бозӣ дар ПЛА-ро ба даст овард, бо 8 голу 2 партофти натиҷабахши хеш аз 28 бозӣ ҳамагонро ба ваҷд овардааст. Ҷой гирифтан дар миёнаи даҳгонаи руйхати арзишманд албатта худ як таваҷҷуҳ ҳасту аз ҷониб дигар бошад зинаи 15-уми “Брайтон” дар ҷадвал ҳам дар қиёс ба мавқеҳои пасттари “Вест Хэм”-у “Уотфорд” фалокат нест.

6.  Бо наздикшавӣ ба хати экватори руйхати  арзишманди шабакаи  И-Эс-Пи-Эн  ба Шумо расониданиям, ки ҳукумати Британия ахиран идомадиҳии мавсими футболӣ дар Англияро шуруъ аз якуми июн ахиран иҷоза дод.
Навиде, ки пештар аз ҳама мардуми Ливепулпарастро ба шодӣ меорад. 
Вале ҷойгузини мавқеи шашгонаи мо бозингари тими лондонист ва ин ҳам Ҷеймс Маккарти,ки чун панҷумин бозингари нави “Пэлас” дар тобистони қаблӣ шинохта шуда, бо дурахши хосаи хеш ҷойгузини раддабандии пуршараф шудааст. 



Ҳамватани Конори бузург тибқи оморҳои расмӣ дар 26 бозии анҷомдодааш бо “Пэлас” сифр голу сифр паси головар дорад,вале вобаста ба он,ки “Кристал” дар ҷадвал зинаи намоёни ёздаҳумро ишғол намуда,ин ирландӣ дар майдон прогресси хоссаеро дорад, мавқеи шашумро ба гузариши Маккарти албатта,ки беҳуда надодаанд.

5. Ишғолкунандаи панҷгонаи бузурги руйхати гузаришҳо албатта,ки гаронарзиштарин ҳимоятгари футболии дунё шудааст. Гарри Магуайр ҳарчанд, ки сароғози бозиҳои нахуст бо пироҳанҳои манчестерӣ он қадар хуб намедурахшид, вале ахиран бозияшро ба низом дароварду ба девори мустаҳками Олд Траффорд мубаддал шуд. 


Моуринйои пуралам аз Траффорд рондашуда,ки пайваста аз набуди дифоъгари комили марказӣ нола мекард, ахиран ҳеҷ хатое накардааст. Чаро бо омадани Магуайр вазъ дар Манчестер ба эътидол омадан гирифту девони сурхи манчестерӣ бо дифоъи кабири хеш на як бору ду бор хатҳои ҳуҷуми пурсуръатро дар ғафлат гузошта  буданд.

4. Дар  хусуси Лондон бисёр гуфтему вале аз тупчиёни “Арсенал” не.   Ана ин маврид бо садои баланд хитоб мекунам, ки тартибдиҳандагони  раддабандии мазкур маҳз харидкунии “Арсенал”-ро вориди  зинаи чаҳоруми таҳлилҳои хеш намудааст.  Инҷо дар мавриди харидории Габриел Мартинели аз “Итуано-и  дивизиони чоруми Бразилия (ҳарчанд, ки маблағи 6 милиона зиёд ҳам набошад)  нахуст аҷиб метофт, вале бо намоиши маҳорати олӣ аз ҷониби ин вундеркинди футболии 18 сола тақдими зинаи чорум ба ин бразилии ояндарушан ба фикрам воқеан ҳам одилона аст. 




10 гол ва чор паси головари Мартинелли дар кулли мусобиқаҳо бо Арсенал бозгӯи як омори мутантане дар Лондон буда, бо дуруст анҷом ёфтани кулли чиз мо метавонем  нафари  Анримонандеро дар Эмирейтс бубинем. 

3. Ва инак расидем ба ифшои гузаришҳои ишғолкардаи се мақоми нахуст. Дар зинаи саввуми ин раддабандӣ боз ҳам бозингари нави "Кристал Пэлас" ва чанде пеш нолозимшуда барои "Челси" мебошад. 



Ҳарчанд,ки Гарри Кэхилро дар Лондон вориси аслии Лемпарду Терри дар роҳи пешвоӣ мегуфтанд,  вале ҳанӯз бо омадани Конте ба Стемфорд Бриҷ торикиҳои  маснади варзишӣ барои Кехил фаро расида буд. Аммо рушание дар охири нақб баҳри Кехили собиқадор барояш дар “Пэлас” фаро расид.  1935 дақиқаи Кэхил дар 22 рақобат аз фурсатҳои нахуст бо пироҳанҳои “Пэлас” намунаи боварии том ба ин бозингарро нишон дода,ҳамзамон Гарри ҳам бо дифоъкунии хосаш Хоҷсони закиро фирефта накард.

2. Солҳои ахир бе ёдоварӣ аз номи “Ливерпул” футболи англисиро  тасаввур кардан на он қдар ҷолиб аст. Ин навбат бошад аз хусуси мусбиятҳои бозингари аз Энфилдрафта мегӯем. Ҷоизадори медали нуқраи раддабандии коршиносони футболии он сӯи уқёнусалбатта,ки гузариши Денни Ингс аз “Ливерпул” ба “Сотон” аст. 




Инро дар Англия як баргашти хонагӣ мегӯянд, чаро ки маҳз Ингс роҳи футболи хешро соли 2008 аз “Сотон” шуруъ намуда буд. Дар омори ҳозираи Ингс бештари чизҳо ба рақами ду аст. 22,2 миллион евро нархи гузариш, 28 бозӣ дар майдон ва албатта,ки ҳашт голи калидӣ барои дастаи Ралф Хазенхутл. Ҳамчунин мавқеи дуюми радданби амрикоиҳо низ. Тими “Саутгемптон” бошад айни ҳол аз “Нюкалс”-и нави ба қавле кришаи бузург ёфта ду хол ва як зина қафо буда,дар ҷадвал 14-ум аст.

1. Бо тай кардани кулли марҳилаи даҳгонаи раддабандии  И-Эс-Пи-Эн  аз гузаришҳои муваффақи ПЛА ҷойгузини мавқеи аввалро ифшо мекунем ва ин ҳам Бруну Фернандеши португалӣ аз "Манчестер Юнайтед".  





Трансфери панҷоҳ миллиона аз “Спортинг” ба Олд  Траффорд ва омори ду голаву  се партофти натиҷабахши Бруну дар панҷ бозӣ на танҳо  ба Сулшери болу пари наве бахшид, балки дар майдони рақобатҳо барои "девони сурх" воқеан ҳам деви бадҳайбаттареро овард, ки аллакай дар минбарҳо арзандаи бозхонии номи хеш шудааст.





























Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив