LIVE

Майдони ғайриодии футбол дар Гренландия

Имрӯз дар баробари кишварҳое, ки иқлими муътадилу шароити мусоид барои баргузории бозиии футболро доранд дар гӯшаву канорҳои дурдасти сайёраи замин ба ин намуди варзиш машғул мешаванд. Мо имрӯз дар мавриди варзишгоҳи ғайриодие, ки дар кишвари Гренландия қарор дорад ҳарф мезанем. Ҷазираи Гренландия дар шимолу шарқи Амрикои Шимолӣ воқеъ буда, аз ду қисмат дар иҳотаи уқёнусҳои Атлантика ва Яхбастаи Шимолӣ қарор дорад. Масоҳати ҷазира 2 130 800 км² буда, он бузургтарин ҷазира дар сайёраи Замин аст. Гренландия яке аз воҳидҳои мухтории кишвари Дания маҳсуб мешавад. 
Кишвари Гренландия аъзои ФИФА нест. Ҳамасола дар ин кишвар чемпионати дохилӣ баргузор мегардад. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар ин гӯшаи кураи замин сабзаи табиӣ намерӯяд. Майдонҳои футболие, ки дорои сабзаи табиӣ бошанд, дар ҷазираи мазкур тақрибан дида намешавад.
Кишвари Гренландия ҳамун давлати мустақил эътироф намешавад. То кунун ин мунтахаб танҳо як бозӣ доир кардааст. Он ҳам бар муқобили мунтахаби Тибет, ки он низ ҳамчун давлати ҷудогона аз ҷониби мамолики дигар эътироф намешавад. Ҳарчанд Дания барои баргузории ин бозӣ ризояти худро дод, вале Ҷумҳурии мардуммии Чин дар ин маврид вокуниши тунде нишон дод. Бозӣ бо ғалабаи бузурги Гренландия бо ҳисоби 4-1 хотима ёфт. Майдоне, ки шумо дар тасвири асосии ин мақола дидед, ба бошгоҳи “G-44” мутаалиқ аст. Чунин номгузорӣ баротон аҷиб намуд? Чунин мисолҳо ин ҷо хело зиёданд, ба монанди “B-67”, “K-33”. Аксари вақт номи пурраи дастаҳо то ба ҳарфи аввали он ихтисор шуда, ба он соли таъсисёбии бошгоҳ илова мегардад.
Варзишгоҳ ҳазор ҷойи нишаст дорад. 
Дар Гренландия, ки тақрибан 60 ҳазор аҳолӣ дорад, варзишгоҳҳои замонавӣ зиёд нестанд. Аммо релефи маҳалли ба сокинони он имкони ишғоли ҷойи беҳтаринро барои тамошо ва фароғати эшон фароҳам меорад. 
 Футбол, кӯҳҳо, уқёнусҳо ва унсурҳои дигари ғайриодии табиӣ. Инҷо макони беҳтарин барои тамошо кардану ҳаловат бурдан аз футбол аст.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив