LIVE

Даҳ мураббии кордони бекор дар футболи бузург......

Сабукдӯш гардидани Эрнесто Валверде аз вазифаи сармураббиги бошгоҳи футболи “Барселона” дар миёнаи мавсим боз ҳам шумораи мураббиёни кордони бекорро дар биржаи меҳнат бештар намуд. Рӯйхати даҳгонаи мураббиёни номвари бекор бошад чунин тавр аст:
Эрнесто Валверде, 55 сола
Бошгоҳи собиқ — «Барселона» (то санаи 14.01.2020)



Вақте “Барселона” баҳори қаблӣ дар “Энфилд” торумор шуд, маҳз ҳамон вақт мутахассиси испанӣ дар ҳоли маҳрумшавӣ аз ҷои кор буд. Ҳатто ҷоизаҳои миллии бо ин мураббӣ ба даст овардашуда  вазъи ногуворро  дар  хусуси мондани ин Валверда дар маркази Каталония беҳбуд бахшида  натавонист. Қарор дар хусуси аз кор рондани Валверде айнан пас аз ҳамон  мағлубият қабул карда шуд, ҳарчанд,ки имрӯз “каталониҳо” қаҳрамони феълии Ла лига ва садрнишини ҷадваланд.
Замоне,ки Валверде дар моҳи майи соли 2017 ба курсии сармураббигии “Барса” нишаст ҷониби ӯ низ суханҳое,ки айни замон дар хусуси Кике Сетйен гуфта мешаванд, равона гардида буданд. Чаро ҳамин шахс? Оё ин нафар қодир аст,ки абардастаро роҳбарӣ намояд? Дар ҳамон вақтҳо Валверде барои дастаҳое дар сатҳи “Атлетик”  аз Билбао талабгор буд-бо тиме,ки Суперҷомро ғолиб омаду ба Лигаи Қаҳрамонҳо баромад. Баъд аз дуву ним сол бошад варақаи хизматии  Валверде бо чор ҷоизаи испании дигар ба монанди ду ҷоизаи Ла Лига пурра гардид. Оё бо Сетйен чунин тавр мешавад?
Худи Кике Сетйен бошад замоне,ки пас аз такмили сатҳӣ “Бетис”-ро ба  зинаи шашуми    евроҷомҳо расонид ва ба таври ҷиддӣ таваҷҷӯҳро нисбати худ ҷалб намуд. 

Маурисио Почеттино, 47 сола
Бошгоҳи собиқ — «Тоттенхэм» (то санаи 20.11.2019)




Ин аргентинӣ низ ҳеҷ вақт бо грандҳои аврупоӣ кор накардааст. Маурисио корашро дар “Эспанйол”-сояи каталонии “Барселона” шуруъ намуда, тариқи транзит аз бошгоҳи “Саутгемптон” дар “Тоттенхэм”-бошгоҳи мақомдор, вале на он қадар муваффақи ПЛА ҷой пайдо намуд. Аз соли 2014 то соли 2019 Почеттино андаке вақтҳо аз рақобатпазирии хосааш бо грандҳои аврупоӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо нишон дода, баҳри кушодани истеъдоди Кейну  Сон,  Деле Али ва дигарон заминагузорӣ намуд. Баҳори қаблӣ бошад қариб,ки дастаи собиқашро ба пирузӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо мерасонид.
Аммо як ҷониб агар машғул шудан ба бунёдсозии доманадор ва иҷрокунии вазифаҳо муҳим аст, тарафи дигари масъала ин нишон додани натиҷа ва гирифтани ҷоизаҳо аст.Дар масъалаи дуввумӣ “Тоттенхэм” ростӣ фурсат ёфта натавонист ва инҷо метавон танҳо аз финали Ҷоми Лигаи Англия-2015,финали Лигаи Қаҳрамонҳо-2019 ва ҳамчунин ноибқаҳрамонӣ дар ПЛА дар мавсими солҳои 2016/17мисол овард. “Бавария” ва “Барселона” бошанд ба таври фаъолона ин аргентиниро  омӯхтаанду ҷои дуввумро ба таври принсипиалӣ ба назар намегиранд.

Массимилиано Аллегри, 52 сола
Бошгоҳи собиқ — «Ювентус» (то санаи 17.05.2019)



Талаботкории дастаҳои пешқадам ин як намунаи рӯшани футболи муосир аст. Аллегри дар таърих нахустин мураббие шуд,ки чор сол паи ҳам дубли тиллоии  итолиявиҳоро соҳиб шуд (Серияи А ҷамъи Ҷоми миллӣ). Ҳамзамон “Ювентус” бо вуҷуди тими фаворит набуданаш ду  маротиб то финали  Лигаи Қаҳрамонҳо расид. Дар мавсими қаблӣ бошад ин тим аз “Аякс” дучори шикаст гардид,ҳарчанд,ки роҳашон ба бозии ҳалкунанда ба таври рушан ба назар мерасид. Пасон “Юве” ақиб нишасту Аллегри ва президенти бошгоҳ Андреа  Анйелли чанд гуфтушунидҳои чандмарҳилагиро паси сар намуданд,аммо бо натиҷаи онҳо мурабби ба аз кор ӣбо гранди шаҳри Турин гусел карда шуд. Бо дарназардошти ҷоиза дар соли 2011 бо “Милан” Аллегри аллакай шаш скудетто дорад. Айни ҳол бошад таваҷҷуҳ намудан ба кори Аллегри бо абартимҳои  хориҷӣ ҷолиб аст. Итолиявиҳо баъзан аз рафтани Аллегри ба “Бавария” ва “Арсенал” мегуфтанд,вале далелан  ин мураббӣ то ҳол бекор аст.

Унаи Эмери, 48 сола
Бошгоҳи собиқ — «Арсенал» (то санаи 29.11.2019)


Фатҳкунандаи Лигаи Аврупо ва мураббияк (тренеришка)-тактики моҳир ва мотиватор дар Испания буда,муқобилияти пурра дар хориҷ дорад. Нақши Эмери дар худ хусусиятҳои ба ҳам бориз ва худистиснокунанда дорад. Ӯ бо воситаҳои маҳдуд дар “Валенсия” ва “Севиля” беҳтаринҳоро ноил шудааст, аммо бар замми ин  заковат пайдо намуд,ки бо ПСЖ Лигаи якумро аз даст диҳаду пас аз пирузии 4:0 дар даври аввал дар Лигаи Қаҳрамонҳо ноком шавад. Ҳамчунин яку ним соли корияш дар “Арсенал” низ номуайян паси сар шуд. Нахуст ба назар мерасид,ки айнан ҳамин мураббӣ метавонад,ки бидуни дард профессор Эмериро иваз намояд, аммо бо мурури замон натиҷаи канонирҳо бамаротиб бадтар шуд. Аз ин лиҳоз айни замон барои   грандҳо ҳамкорӣ бо  Эмери бо таваккалкории муайян вобасгагӣ дорад,аммо барои тимҳои миёнаҳол ин баскӣ  бозёфти ҳақиқӣ аст.

Леонарду Жардим, 45 сола
Бошгоҳи собиқ — «Монако» (то санаи 28.12.2019)


Бо ёддоштҳо дер боз сер намешавем. Ҳарчанд,ки “Монако”  нағз бозӣ накарда бошад, таҳти роҳбарии Жардим солҳои қаблӣ-ба нимфинали Лигаи Қаҳрамонҳо  баромаду ПСЖ-ро дар чемпионат ноком шуд. Бар замми ин Жардим нафаре шуд,ки  ситораҳои навтулуъро бо роҳбарии Мбаппе бештар кард. Аммо бо вуҷуди ин ба таври рушан гӯем натиҷаҳои сусти дар мавсими қаблӣ ва ҷории “Монако”  ба оне расонид,ки боиси дуввумин сабукдӯшкунии мутахассиси португалӣ шуд. Дар оғози соли 2019 бидуни Жардим кори Монако бо Тйерри Анри боз ҳам бадтар шуд, аммо молики “Монако”-нафари рус аз пой гузоштан ба он пайҳои пешин натарсид. Нимаи дуюми мавсим нишон медиҳад,ки оё чунин қарори дуруст буд ё не.  Агар мушкилӣ дар Жардим набошад, португалиро метавон бори дигар ҳам ба тими шоҳигарӣ даъват кард.

Лучано Спаллетти, 60 сола
Бошгоҳи собиқ — «Интер» (то санаи 20.05.2019)


Ба таври рушан маълум аз кораш  дар Россия бо “Зенит” ин итолиявӣ аз   Санкт-Петербург рафту “Рома” ва “Интер”-ро тамрин дод. Дар соли 2017 бо римиҳо дар чемпионат ҷои дуюмро ишғол намуда, дар ду мавсими баъдӣ бо “миланиҳо” чорум шуд. Сиёҳу кабудҳо ба чизҳои бештар менигаристанд,чаро ки Антонио Контеро даъват намуданду пулҳои бештареро дар трансфер сарф карданд. Бефикрона  аст пешгӯӣ кардан аз он,ки бо чунин воситаҳо Спалетти оё  кор мекард ё не, аммо далелан Лучано айни ҳол интизори  пешниҳодҳои нав аст. Тирамоҳ овозаҳо ӯро ба “Милан” мефиристоданду дар моҳи декабр ба “Фиорентина”, аммо бошгоҳҳо ахиран бо мураббиёни дигар музокирот карданд. Иштиёқ ҳамчунин аз ҷониби «Гуанчжоу Фули»-и чиноӣ буд,аммо мутахассиси итолиявӣ бошад ин маврид даст кашид,ки ин албатта аз мотиватсияи кор ба абардастаҳо дар симои Лучано Спалетти дарак медиҳад.

Марселино, 54 сола
Бошгоҳи собиқ — «Валенсия» (то санаи 11.09.2019)


Мутахассиси испанӣ бо “Виляреал” ва “Валенсия” натиҷаҳои назарррас ба даст овард. Ӯ “субмаринаи зард”-ро ба Примера баргардонид ва бо ин тим то ба финали Лигаи Аврупо расиду дар чемпионати миллӣ бошад зинаи чорумро ишғол намуд. Бо “Валенсия” Марселино ду бор дар Испания чорум шуд ва ҳамчунин то нимфинали Лигаи Аврупо расид ва дар моҳи майи соли 2019 бошад “кӯршабпаркаон” бори нахуст дар 11 сол ҷоиза ба даст оварданд ва ин  ҳам дар Ҷоми шоҳигарӣ. Новобаста ба чунин дастовардҳои назаррас дар ҳардӯи ҳолатҳо бидуни ягон фаҳмониданҳо дар оғози мавсим бо Марселино хайр гуфтанд. Сармураббии номбурда арзанда барои тафтиши худ дар он бошгоҳ аст,ки метавонад бо вуҷуди муваффақият номаш боз боло кунад.

Мирча Луческу, 74 сола
Ҷои кори собиқ — мунтахаби Туркия (то санаи 11.02.2019)


Мирча Луческу бошад айнан вақти кор бо “Шахтёр”-и Донетск ном бароварда, ин мураббии саршиноси руминӣ кайҳо боз дар сатҳи баланд комёб нашудааст. Мавсими солҳои 2016/17 бо Зенит ба таври рушан барои Луческу ноком буд ва ҳамин тавр кор дар мунтахаби Туркия ҳам барои Мирча муваффақ паси сар нашуд,ҷое ки ӯ дар бозиҳои охири марҳилаи интихобӣ барои Ҷоми Ҷаҳон-2018 барои кор омада буд.
Ҳамин тариқ мунтахаби футболи  Туркия ахиран ба Ҷолми Ҷаҳон-2018 нарафт ва дар   Лигаи миллатҳо низ ба дивизиони С поин рафт ва Луческу ба хотири рушд ба ҷвонии кунии ҳайат пардохт. Дар Туркия низ ахиран пас аз ивазкунии сармураббӣ марҳилаи интихобии Евро 2020-ро нагз пас сар шуда,туркҳо ба таври комёб ба марҳилаи Ҷоми Аврупо-2020 роҳ гирифтанд. Дар моҳи июл бошад Луческу 75 сола мешавад,аммо дар хусуси анҷомдиҳии маснади мураббигияш расман   то ҳол нагуфтааст.

Луиз Фелипе Сколари, 71 сола
Бошгоҳи собиқ — «Палмейрас» (то санаи 03.09.2019)


Пас аз чемпионати номуваффақи хонагӣ дар соли 2014 маснади кории Сколари ба анҷом нарасид. Баръакс Луис Фелипе Сколари бо «Гуанчжоу Эвергранд»-и чиноӣ дар лигаи Қаҳрамонҳои Осиё пешсафӣ карда, кулли ҷоизаҳои миллиро ба даст овард ва баъдан бори сеюм   ба “Палмейрас” баргашту  дар чемпионати Бразилия дар соли 2018 ғолиб омад. Дар соли 2019 бошад корҳои Сколари бадтар шуданду  дар Ҷоми Либертаорес низ барои “Палмейрас” номуваффақ ба анҷом расид ва ҳамин тариқ Сколариро аз кор ҷавоб доданд. Кӣ медонад мумкин ин тим охирин таҷрибаи мурабиггии ин бразилӣ буд.

Нико Ковач, 48 сола
Бошгоҳи собиқ — «Бавария Мюнхен» (то санаи 03.11.2019)


Даъвати топ-бошгоҳ-ин на танҳо имконияти баромдан ба сатҳи нав аст, балки як масъулияти бузург аст. Инҷо бояд,ки   ба таҷрибаи русии Олег Кононов назар кард. То Спартак ӯ мураббии пурмасъулияте буд дар доираи Премер Лигаи Россия вале  айни ҳол бошад суоли бузург аст,ки  ҷои кор мегирад ё не. Ҳолат бо Ковач низ каме ғайримотиватсионӣ аст  ва ба ҳамин каме монанд. Никол Ковач бошад бо “Айнтрахт”-и Франкфурт дурахшида, Ҷоми Олмонро дар мавсими -2017/18 ба даст овард ва ба ҳамин тарртиб хорватӣ пешниҳоди ҷои кор дар “Бавария”-ро ба даст овард. Ӯ метавонист,ки аллакай пештар аз кор мерафт,аммо корҳо каме хуб пеш рафтанду  “мюнхениҳо” ҷоизаи мушкил ба даст оварданду мураббӣ ҳам таҷриба гирифт. Дар мавсими ҷорӣ бошад таърихи мавими пешин такрор  шуд ва роҳбарият бармаҳал  хулосаи хешро нисбати Нико Ковач баровард. Оё ин нафар имкони дубораи дар чунин сатҳ соҳиби ҷои кор шуданро дорад,  дар ин хусус албатта,ки туфтан мушкил аст. 







































Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив