LIVE

Сарчашмаҳои русии сармураббии нави “Барселона”...

“Барселона” Эрнесто Валвердеро аз кор ҷавоб дод. Роҳбарияти бошгоҳи “нилунорӣ” вақти интихоби мураббии  нав номзадҳои зиёде дошт,вале бештари онҳо  ба мисли Роналд Куман, Хави ва Маурисио Почеттино ба ҷониби нилунорӣ ҷавоби рад доданд. 



Президенти “Барселона” Жозеп Бартомеу қарор кард,ки дар номзадии Энрике Сетйен боз истад, нафаре,ки айни ҳол бекор   буда, бар замми ин футболеро меписандад,ки барои нилунориҳо ниҳоят ҷолиб аст. Ду сол пеш Сетйен исбот намуд,ки ҳатто бидуни топ-бозингарон ҳам метавон худи “Барселона”-ро мағлуб намуд.




«Бетис»
Сетйенро шуҳратмандии хосса вақти кор бо “Бетис” ба даст омад. То ин дам дар маснади варзишияш боз панҷ дастаи дигар буданд: “Расинг” (Сантандер), «Полидепортиво», «Логронйес», «Луго» ва «Лас-Палмас». Дар мавсими якум бо “Бетис” ин мураббӣ дар Примера ҷои шашумро соҳиб шуд. Дар оғози мавсими навбатӣ даста аз Севиля дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо ягон бозиро набохт (се ғалаба ва се мусовӣ) ва аз гурӯҳ бо ишғоли зинаи аавал ба марҳилаи плей-офф роҳ гирифт. Рақибони гурӯҳии тими онвақтаи Сетйен тимҳои  «Олимпиакос», «Милан» ва «Дюделанж») буданд.



Дар марҳилаи  1/16-и Лигаи Аврупо бошад рақиби “Бетис” тими “Ренн”-и фаронсавӣ буд. Бозии нахуст бо ҳисоби се бар се ба анҷом расида, дар рақобати дуввумӣ дастпарварони Сетйен бо натиҷаи як бар се бохтанду  аз идомаи иштирок дар мусобиқот маҳрум шуданд. Аммо дар чемпионати дохилӣ “Бетис” чун пештара бозии барқарор нишон дода, ҳатто “Барселона”-ро дучори шикаст намуд. Маҳз ҳамон бозиро мухлисон дер боз дар ёд хоҳанд дошт,чаро ки на ҳар даста   “Барса”-ро дар «Камп Ноу» шикаст дода  метавонад. Бозии шикастпазир барои “Барса” бо ҳисоби 4:3 бар нафъи “Бетис” ба анҷом расида буд. Ҳамон вақт Лионел Месси ду гол зада буд,аммо дар хати ҳимоя даста бад бозӣ кард.   
Ин пирӯзии чашмрас буд барои мураббӣ ва баъд аз он ҳамагон фаҳмиданд,ки дар тули кораш Кике Сетйен аз услуби Йохан Кройфф пуштибонӣ мекунад.
 “Ман ҳис кардам,ки дар футбол беҳтар бозӣ кардан имкон дорад, аммо намедонистам чӣ тавр, то он даме,ки Йоханн Кройфф маро ёд надода буд”-гуфта буд ҳамон вақт мураббии “Бетис”. Ҳамин тариқ аз ҷиҳати идеологӣ ӯ нафарест,ки ба Барселона” мувофиқ аст.

Мунтахаби Россия дар соли 2005




Рушан аст,ки мурабби нави “Барселона” ҳатто фурсат ёфтааст,ки дар Россия ҳам кор кунад! Аммо на дар футболи бузург,балки дар футболи соҳилӣ. Сармураббии аз сифр баргузоркунандаи мунтахаби Россия Николай Писарев Сетйенро барояш ёвар гирифт ва ин нафар ситорагони ояндаро ба мисли Иля Леонов, Антон  Шкарин, Андрей Бухлиский, Егор Шайков  ва бисёри дигарон футболи соҳилиро ёд медод. 
Маҳз бо иштироки бевоситаи Кике мунтахаби Россия якумин комёбии ҷиддиро соҳиб шуд: дар Ҷоми Аврупо-2005 дар “Лужники” то ба финал расид ва бо дастгирии минбарҳои пур аз мухлисон Португалияи пурситораро мағлуб намуд. Маҳз аз ҳамон даврон бозингарони он дастаи Россия Кикеро ба некӣ ёд мекунанд.

Далелҳо дар бораи Сетйен

Кике Сетйен чун бозингар дар сафи “Расинг” аз Сантандер дар умум 12 мавсим гузаронида, мухлисон ӯро Маэстро мегӯянд. Умуман мураббии нави “Барселона” аз бозингарони нағз буд. Пас аз ҳашт мавсим дар Сантандер ӯ ба “Атлетико” гузариш намуда,дар сафи ин тим зиёда аз 70 бозӣ гузаронидааст. Дар ҳайати бошгоҳи мадридӣ Сетйен ҷоизадори Суперҷоми Испания(1985),   иштирокчии финали Ҷоми Испания (1985-1986) ва Ҷоми дорандаи Ҷомҳо дар худи ҳамон сол гардид. Пасон бомуваффақият дар «Логронйес» бозӣ намуда, ба “Расинг”-и ватан баргашт-ҷое,ки боз чор мавсими дигарро паси сар кард.
 Қобили қайд аст,ки дар тули маснади футболбозии хеш Сетйен вориди дарвозаи “Барселона” ҳам ду гол задааст.
Сетйен на як бору ду бор иқрор омад,ки аз ҳаводорони аслии Серхио Бускетс мебошад. Замоне як рӯз пас аз бозӣ бо “Барселона” мураббӣ аз бозингар пироҳанашро талаб карда буд. Бускетс хасисӣ накарду пеш аз тақдими пироҳанаш ба Кике Стейен дар он чунин навишт: “Барои Кике бо муҳаббат ва хушнудӣ аз нигоҳатон ба футбол. Бароятон кулли беҳтаринҳоро хоҳонам”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив