LIVE

Лука Модрич. Аз гурезагӣ то сарватмандӣ


Чунин ба назар мерасад, ки овозаҳо дар бораи рафтани Лука Модрич аз «Реал Мадрид» ягон асосе надоранд. Манзили боҳашаматашро бо арзиши 12 млн евро харидорӣ намудааст.

Истиқоматгоҳи ӯ дар шимоли Мадрид ва дар яке аз ноҳияҳои бонуфузи ин шаҳр, Моралйеха (La Moraleja) ҷойгир аст. Бо Рамос, Марсело, Варан ва Бензема дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад.

Дэвид Бекхэм ҳам, ҳангоми дар «Реал» ҳунарнамоӣ карданаш, дар ин ноҳия зиндагӣ мекард. Агентии амволи ғайриманқул, ки ба Бекс барои харидорӣ (соли 2005) ва фурӯши манзилаш (соли 2015) кӯмак кардааст, хонаро чунин тавсиф мекунад: «Як хонаи муқаррарӣ буд. Ягона бошукӯҳӣ – 125 метра ҷевони либосҳои Виктория, ки баъдан соҳибмулки нав онро ба ҳуҷраи кӯдакон мубаддал кард».

Манзили Бекхэм

Дар Моралйех Лука аз оғози корномааш дар «Реал» мезист, аммо манзили қаблиаш нисбатан хеле оддӣ буд: ҳамагӣ 2.8 млн Евро арзиш дошт. Масоҳатан истиқоматгоҳи наваш на чандон аз хонаи қаблиаш бузург аст: 3000 м2 зидди  2700 м2.

Аммо манзили зисти пештарааш қитъаи замини хӯрдакак дошт (700 м2), ҳозирааш бошад – 10 маротиба бузургтар.

Хонаи наваш хеле муосиру замонавӣ аст: 9 ҳуҷраи хоб (бо ҳаммом дар дохилаш), кинотеатр барои 18 нафар ва ҳуҷраи махсусе барои маросиму чорабиниҳо.

Ҳатто утоқи маҳсгарӣ дорад

Модрич бо Ваня Боснич издивоҷ кардааст: ҳамсараш аз футболбоз се сол бузургтар аст. Онҳо бо якдигар соли 2007 ҳангоми таҷрибаомӯзии Ваня дар оҷонсие, ки бо кору фаъолияти Лука машғул мебошад, шинос шудаанд.
Модричиҳо соҳиби се фарзанданд: писарашон – Ивано, духтарҳояшон Эма ва София.

Бешубҳа дилгир намешаванд… Дар ҳуҷраашон ҳатто девори кӯҳнавардӣ насб шудааст.


Барои хушбахтии комил танҳо ҳавзи шиноварӣ ва корти теннис намерасад? Парво накунед, онҳо низ дар қитъаи замини манзили нав сохта мешаванд.

Ба туфайли меҳмонхонаи гурезагон Лука ба футбол уфтод – дар вақти ҷанг онҷо зиндагӣ мекард

Айёми бачагиашро дар хонаи хурдакаке дар масофаи на он қадар дур аз шаҳри Задар гузаронидааст. 

Хонаи бобои Модрич, - дар омади гап, исми ӯ низ Лука буд.

Дар набардҳои ҷанги Югославия бобои Модрич ҷони худро бохт. Лука бо модараш (падараш меҷангид) ба Задар - шаҳраки курортӣ дар каронаи баҳри Адриатико, кӯч бастанд. Модричҳо ба меҳмонхонаи «Коловар», ки барои нигаҳдории гурезагон муҷаҳҳазонида шуда буд, ҷойгир шуданд.


«Дар меҳмонхона нафарони зиёде буданд, инчунин дӯстони зиёде доштам онҷо. Ба ман кӯмакҳои зиёд расонидаанд, ҳарчанд намефаҳмидам, ки дар атрофи ман чӣ рӯй дода истодааст», - ба ёд меорад Модрич


Маҳз кормандони меҳмонхонаи шаҳри Задар бо дастаи футболии маҳалӣ дар тамос шуданд – онҳо мушоҳида менамуданд, ки писарбачаи хурдакак тӯброниро хеле дӯст медорад.
Модрич ҷисман суст ба воя мерасид, аз ин рӯ, аввалан ӯро ба Академияи футболӣ шомил кардан намехостанд, аммо падараш ҳамаи ҷубронпулии сарбозиашро (тақрибан 200 Евро) барои таҳсили футболии писараш сарф кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив