LIVE

Жозе Моуриню куллан дигар шудааст

Бо омоданаш ба «Тоттенхэм» мураббии маъруфи португалӣ Жозе Моуриню хулқу хислати худро иваз кардааст. Ӯ бо амалу кирдорҳои хоксоронааш он Жозеи қабли нест. Аслан дар ҷаҳони футбол ин мураббӣ бо хислати махсуси хеш маъруф буду бархе аз амалҳову гуфторҳои ғайри одди дошт.  Амали накую зебои навбатии ӯ ин навиштани нома ба писарбачаи бемор гардид. Баъд аз якчанд ҳафтаи омаданаш ба «Тоттенхэм» Жозе Моуриню фаҳмид, ки яке аз мухлисони фидоии даста бо номи Ҷон Кесслер бемор аст ва ба суроғаи ӯ нома навишт. 

—Ҷони гиромӣ, Сад афсус, ки Шумо бемор шудед. Аз ин имконияти мусоид истифода бурда, аз номи худ ва тамоми ҳайати колекдиви даста гуфтаниам, ки таманнои ҳарчи зуд тар сиҳат гардидани Шуморо дорем. Мо умедворем, ки иродаи мустаҳками Шумо  намегузорад то таъби хира доштабошӣ ва мехоҳем Шумо донед, ки мо дар каноратем.   
Барои дастгириҳои пайваставу эҳтироми клуб аз Шумо минатпазирем. Бо эҳтиром, Жозе Моуриню.

Номаро дар сомонаҳои ичтимоӣ дӯсти Ҷон, Фил Браун гузоштааст. Барои Ҷони бемор ин мактуб арзиши беназир дорад ва шаҳодати бузургии Моуриню маҳсуб мешавад, гуфтааст дӯсти Ҷон.  Амали Жозе аз ҷониби ҷомеаи варзишдӯст ва мухлисони мураббӣ дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.


Қабл аз ин Жозе Моуриню писарбачаи 15 соларо, ки дар задани голи нахустини «Тоттенхэм» дар ЛЧ бар муқобили «Олимпиакос» (4:2) саҳм гузошт ба хуроки шом даъват сохт. Ӯ тӯбро зуд ба дифогар Серж Орйе расонид, ки баъдан лондониҳо ҳуҷумро созмон доданду ва ба задани гол даст ёфтанд. Баъди ин гол Моуриню ба назди болбой  рафта, дасти ӯро фишурду ба оғушаш гирифт. 


Амали дигари мутахассиси португалӣ ин тӯҳфа намудани тӯб ба футболбози 17 сола Трой Пэрротт, ки дастпарвари академияи «Тоттенхэм» маҳсуб мешавад ва аввалин бози худро дар дастаи  асосӣ  анҷом дод, маҳсуб меёбад. Ҳатто мураббӣ тӯбро аз дасти Сон гирифта, ба бозигари навкор тӯҳфа кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив