LIVE

Ван Дейк ё Месси? “Туби тиллоӣ” - ро кӣ мегирад?

Ғайр аз ван Дейк ва Месси боз кӣ имконият дорад?
Идораҳои букмекерӣ имкониятҳои ван Дейк ва Мессиро аз дигарон бештар медонанд. Шонси номзадони дигар дар баробари ду футболкори номбаршуда қатрае аз баҳр аст. Месазад ба ҳунари онҳо, ки мавсми беҳтаринро паси сар намуданд, арҷ гузошт. 
Аз нуқтаи назари идораҳои букмекерӣ шонсҳои футболбозони дигар ба таври зайл аст:
Муҳаммад Салоҳ – 17.0
Садио Мане  - 21.0
Криштиану Роналду – 25.0
Раҳим Стерлинг – 26.0
Эден Азар  -  34.0 
Килиан Мбаппе -   41.0
Бар истиснои ван Дейк дигарон намояндагони хати ҳуҷум ба ҳисоб мераванд ва объективан  бо Месси рақобатпазир будан наметавонанд. Лео ҷоизадори “кафши тиллоӣ” гардид. Бар замми ин ӯ беҳтарин нишонзани Лигаи чемпионҳо шуд  ва иҷро кардани ирсолҳои голбахшоро ҳам фаромуш намекард.  Пас чӣ гуна метавонем Леои бузургро бо дифогари “Ливерпул” муқоиса кунем? Бо дарназардошти кадом нишондодҳо метавонем шонсҳое якеи ин футболбозонро бештар шуморем? 
Муддаиёни асосӣ ва натоиҷи даставӣ
Новобаста ба ғалабаи шогирдони Юрген Клопп дар идораҳои букмекерӣ номзади асосӣ Месси аст. Коэфисенти ӯ 1.66 муқобили 2.23 – и ван Дейк мебошад. Муқофизатгаре, ки бори охир “Тӯби тиллоӣ”-ро гирифт, Фабио Канаваро буд, ки соли 2006 ҷоизаро  ба даст овард. Пас аз ӯ Кака беҳтарин футболбози сол шуд. Баъдан фармонравоии Мессиву Роналду шурӯъ гардид, ки 10 сол идома ёфт. Танҳо соли гузашта Модрич ба салтанати ду шоҳи футбол хотима бахшид.
Бе шакҳу тардид  дурахши Месси дар мавсими аллакай сипаришуда ҷилотар аз дигарон буд. Аз нуқтаи назари  бозии зебо, голҳои муҷалло ва дриблингҳои беҳамто бартарии ван Дейк бар Месси  баробар ба афсона аст. Вале “Тӯби  тиллоӣ” ин “Кафши тиллоӣ” нест ва танҳо голҳои зебо кофӣ нестанд . Сарфи назар аз он, ки  ин ҷозаи инфиродист, нақши дастовардҳои даставӣ дар муайян сохтани беҳтарин басо бузург аст. 
Месси дар ҳисоби худ ғалаба дар Примера, финали ҷоми кишвар ва даври нимниҳоии Лигаи чемпионҳоро дорад. Ван Дейк бошад метавонад бо ҷои дуюми ПЛА ва ғолибият дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Аврупо  ифтихор кунад. Метавон дар мавриди муҳимияти ин ҷоизаҳо соатҳо баҳс кард. Аммо  набояд фаромуш сохт, ки маҳз ван Дейк бо “Ливерпул”  дастаи “Барселона” – и Мессиро аз идомаи роҳи мубориза дар ЛЧ бенасиб кард. Биёед бо истифодаи усулҳои то андозае кӯҳнашуда  кӯшиш кунем, то таъсири ҳар ду муддаиро ба натиҷаи дастаҳояшон муайян созем. Таъсири Месси ва ван Дейк ба бозии “Барселона” ва “Ливерпул”. Оморҳо аз чи шоҳидӣ мекунанд?
 Каталониҳо 10 бозиро бидуни лидери худ сипарӣ намуданд. “Барселона” дар ин бозиҳо 5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 3 бохт дорад (яъне 56,6 % хол), аммо бо Месси бошад “нилунориҳо” 35 ғалаба, 11 мусовӣ ва 4 бохт. (яъне 77,3% имтиёз).   Месси дар чемпионати Испания  тақрибан ба  танҳоӣ  нилунориҳоро қаҳрамон кард, аммо нокомиҳо дар финали ҷоми Испания ва бенасиб шудан аз Лигаи қаҳрамонҳо ҳам бо иштироки  бевоситаи бозигари аргентинӣ рух доданд. 
Бидуни ван Дейк “Ливерпул” 3 бозӣ гузаронд, ки инҳо буданд: мағлубият аз  “Вулверхэмптон”  дар Ҷоми Лига, маҳз чунин натиҷа дар Ҷоми Англия бо “Челси” ва мусовии  бе рангу нур бо “Бавария”. Қатъи назар аз он ки шумораи бозиҳо каманд, вале бе бозигари голландӣ мерсесайдиҳо ҳеҷ ғалаба надошта, танҳо 11,1 % имтиёз ба даст оварданд. Бо ван Дейк  натиҷаҳои “Ливерпул ” 38-7-5 мебошанд. Аз нуқтаи назари омори дар болоомада таъсири бозии ван Дейк ба “Ливерпул” на камтар аз таъсири Месси ба “Барселона” аст. 
Мувофиқи нишондодҳои асосии анъанавӣ дар 2 мусобиқа Месси ба худ ҳамто надорад. Дар Примера ва ЛЧ Месси 48 гол ва 16 партофти головар аз  рӯи низоми “гол+пас” ба даст овард, ва аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашт. Ван Дейк ҳам  новобаста ба мавқеи майдонаш дар ПЛА ва ЛҚ 6 гол ва 4 ирсоли голбахшо дорад. Ҳамчунин месазад қайд намуд, ки Вирҷил дар ҷараёни мавсим осебнопазир буд. Ӯ танҳо 4 корти зард гирифта,  дар 50 дидор ягон маротиба бо корти сурх ҷазо дода нашуд. “Ливерпул” дар лигаи рақобатпазиртарини олам аз ҳама голи камро ба дарвозааш сар дод.  
 Пешравии ҳамдастагон 
Омори Месси афсонавист. Агар ҳамдастагонаш имконоти хуби голзаниро барбод намедоданд, шумораи партофтҳои головари ӯ боз ҳам бештар мешуд. Бо он усулу шева ва ҳунару малакае, ки дар ин мавсим Месси дар  хати ҳуҷум бозӣ мекард , метавон 10 ангушти ҳайрат газиду аз баъзе амалҳои ӯ метавон ба ангуштони пой ҳам гузашт. Лео аз дилхоҳ мавқеъ гол мезад,  ташаббус нишон медод ва дар кулли бозиҳо чеҳраи марказии дастаи каталонӣ буд. 
Новобаста ба бузургии Месси як нуктаи хеле ҳам муҳимест, ки дар он ван Дейк бар Месси бартарии комил дорад. На! Ин қаду баст нест. Гап сари пеш рафтани ҳамдастагон меравад. Дар сафи ван Дейк бозигароне монанди Матип, Гомес, ҳатто футболбози нимҳимояи такягоҳӣ (опорник) Фабинйо ва дар канорҳо Александр-Арнолд ва Эндрю Робертсон бозӣ мекарданд. Бо ван Дейк ҳамаи ин бозигарон ба як механизм мубаддал гаштанд ва аз бозигарони сатҳи миёна ба яке аз хатҳои дифои қавитарини сайёра мубаддал гаштанд. 
Шояд Месси дар адо кардани рисолати хеш беҳтарин дар ҷаҳон бошад, аммо Дебеле ва Коутинйо дар сафи ӯ заррае ҳам инкишоф наёфтанд. Метавон то андозае мураббиро ганқкор сохт. Маҳз ӯ бояд барои ҳар футболбоз мавқеи мувофиқро дар майдони сабз пайдо созад, аммо бо далели он ки натиҷаро барои “Барселона” маҳз Месси таъмин мекард, масъулияти пешвои каталониҳо аз дучанд ба даҳчанд табдил ёфт. Дар “Энфилд” лидери “Барселона” аз имконияташ истифода накард (Зарбаи ҷаримавӣ. Барои Месси ин ҳамеша имконият ҳаст.), ҳамдастагон дар майдон бедарак гаштанд ва “Ливерпул” роҳи худро рӯшан намуд. 

Пешгуии мо
Пешгуие, ки мо ба саҳми шумо мерасонем, танҳо фикри шахсии муаллиф аст. Розӣ будан ё набудан ҳуқуқи мукаммали шумост. Ба назари мо имконияти ван Дейк баҳри ба даст овардани “Туби тиллоӣ” бештар аст. Чунин хулоса дар натиҷаи ба инобат гирифтани 2 ҷиҳати  асосии масъала ҳосил шуд:
-Аз ҷиҳати маҳорату малака Месси бартарӣ дорад, аммо мағзи масъала ин аст, ки маҳз “Ливерпул” каталониҳоро аз идомаи роҳи мубориза дар ЛҚ бенасиб кард ва ин шонсҳои Мессиро кам мекунад.
-Дар мавсими сипаришуда  Премйер-лигаи Англия бидуни муболиға беҳтарин лигаи ҷаҳонӣ гардид. То ин дам бошад 11 сол паи ҳам  “Тӯби тиллоӣ” насиби  футболбозони Ла Лигаи Испания гардида буд.
Аммо фаромуш набояд кард, ки ба ин пойга бозиҳои тимҳои мунтахаб ҳам таъсир хоҳанд дошт. Мессиро аз пеш Ҷоми Амрико мунтазир аст, ки он ҷо аргентиниҳо чун анъана яке аз фаворитони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ван Дейк бошад бо мунтахабаш дар даври нимниҳоии Лигаи миллатҳо, ки ин мусобиқаро бояд нодида нагирем, ширкат меварзад.
Таҳияи Гулрӯз Худоназарзода

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив