LIVE

Сари баланди Сарри сарбаландии Челси нест!

Яке аз ду бозии ниҳоӣ дар футболи Аврупо баргузор гардид. Дар финали Лигаи Аврупо ду дастаи англисӣ, намояндаи як шаҳр бо ҳам дар набард шуданд. Дербии шаҳри Лондон, рақобати дастаҳои "Челси" ва "Арсенал". Чун одат дар 45 дақиқаи аввал дастаҳо аз ҳамдигар ҳарос доштанд, дар майдон онҳо ҳамдигарро дар оина медиданд. Услуби бозишон монанд буд. Дар майдон ҷонибҳо бо ҳамдигар як ба як рақобат мекарданд, дар ин ҳолат маҳорати инфироди як нафар ва ё як футболкори озоду вораста дар нақша метавонист натиҷаи бозиро таъмин намоянд. Ин нафар муҳофизатгари канорӣ Эмерсон буд. Дар ин дидор як гол кифоя буд то деворҳо фуру биравад, Парда аз рӯи дастаҳо бардошта шавад.Ва ин гол дар пайти дуввум аз сӯи Оливе Жури ба дарвозаи собиқ дастаи ӯ ба ҳадаф расонида шуд. "Арсенал" бесабаб аз ин гол тарс надоштааст. Баъди ин ду голи дигар онҳо аз тӯри дарвозаи худ берун оварданд. Эден Азар дар вопасин дидори худ дар ҳайати дастаи Челси хуб дурахшид. Ду голи ӯ ва сарнҷом 4 бар 1 пирӯзии мутлақи дастаи "Челси" аст. "Арсенал" бори чаҳорум дар финал мағлуб мегардад ва ҳамакнун илоҷе надорад ба ҷуз ин ки панҷшанбеҳо дар Лигаи Аврупо бозӣ кунад. Воқеъан соли сеюм паиҳам. Вале мо медонем, ки барои Арсенал шарти қозӣ чаҳор бор аст.
Ин пирӯзӣ ба Мурисо Сарри бахшида мешавад. Ӯ аввалин ҷоизаи худро дар сини мубораки 60 солагӣ ба даст овард. Дар навбати худ Унаи Эмери дар финали Лиаги Аврпуо мағлуб гардид, Чунин ҳам мешудааст.
Маурисио Сарри сарзаниш шунид, ба интиқод тоқат кард, аз принсипҳои худ даст накашид ва саранҷом сари худро баланд нигоҳ дошт, чи ки мисли шоҳ болои тахт аст. Маҳз ӯ роҳхати Лигаи Чемпионҳоро ба дастаи Челси тақдим кард, Медали тиллои Лигаи Аврупоро ба даст овард ва ҳоло дастаи Ювентус ба хидмати ӯ ниёз дорад. Поёни хуб барои муррабие ки ба қавли модаркалонам хеле “гапшунав” аст. Бозии ниҳоӣ ба ӯ як ҷаҳон нишотовард.
Бадхоҳони Маурисио Сарри маҷбур астанд, ки нуқтаи назари худро дигар кунанд. Онҳое ки 15 сол ба футболи дифокорона одат кардаанд, з-ин рӯ ба қадри бозии зебои мураббии итолёӣ расида наметонанд. Умуман фалсафаи футболи ӯро фаҳму фаросат накарданд. Бо ибораи таҳқиромези “сарибол” истеъфои ӯро талаб намуданд. Чунин ба назар мерасид ки Маурисио Сарри воқеъан ҳам ғарқ шудааст. Баъд аз шикасти бузург аз дасти Борнмут бо ҳисоби 4 бар 0,баъди сипарӣ гардидани 10 рӯз аз ин шармандагӣ шикасти дигар аз дасти "Манчестер Сити" бо ҳисоби 6 бар 0. Ва як ҳафтаи баъди ин нокомӣ мағлубияти навбати аз дасти "Манчестер Юнайтед", ин дафъа бо ҳисоби 2 бар 0. Маурисио Сарри сару калобаи худро гум карда буд. Ҳини мусоҳиба ва нишастҳои матбуотӣ суханҳои ӯро бар зидди худаш истифода мекарданд. Дар матбуоти бераҳми англисӣ симои Сарри аз ҳад зиёд мураббии саркаш тасвир ёфт. -“Ӯ фақат дар фикри манфиатҳои худ аст. Дар ин амр ҳатто манфиатҳои бошгоҳро қурбон хоҳад кард аммо аз усули 4-3-3 ҳиҷ гоҳ даст намекашад”. Танҳо ба хотири инки бозии "Челси" дар атрофи Жоржино гардон мешуд, ҳатто омода буданд, мураббиро аз Лондон сур кунанд. Дар Англия мегуфтанд, ки агар Жоржино маҳв карда шавад, яъне ки Челси маҳв мегардад. Ба дифои худ Маурисио Сарри ҳатто бозингаронро айбдор намуд, ки фалсафаи футболи ӯро фаҳму фаросат карда наметавонанд.
24-уми феврал финали Лигаи Ангия баргузор гардид. Челси бо қаҳрамони мамлакат, дастаи ношикаст сазовор овард овард, аммо "Манчестер Сити" дастболо гардид, ба далели рафтори аблаҳонаи дарвозабон Кепа Арисабалага. Баъди ин Маурисио Сарри дар мавриди услуби кор ва бархуд бо бозингарон таҷдиди назар кард. Дар натиҷа Челси дар 10 бозӣ 8 дафъа пирӯзӣ ба даст овард.
Агар футболи Наполи ва Челсиро ба якдигар қиёс кунем, бешубҳа бозии итолёиҳо зебо буд. Бозии дифоӣ барои дастаи Челси аллакай одат шудааст ва тарк кардани он амри маҳол аст. Маурисио Сарри дар охири мавсим роҳхати Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо ва медали тиллои мусобиқоти қораиро ба даст оварда паём дод, ки агар фаъолияти ӯро бо ин гуна дастовардҳо арзёбӣ кунанд ӯ ҳамон лаҳза аз даста меравад. Челси қаблан бо Мауринйо, Конте ва Ди Маттео ҷоиза ба даст овард, аммо муҳаббати мухлисонро не. Соҳибмулки даста Роман Абромович барои тағир додани вазъ маҳз ба Маурисио Сарри рӯ овард, аммо маълум гардид, ки одати худро тарк карда наметавонад ва бидуни сабки бозии хоси худ муваффақ намегарад.
Ҳамчунин Челси як одати дигар дорад: зуд-зуд мураббиёнро ба истеъфо равон мекунад. Ба иттилоъи Телеграф лондониҳо бо Маурисио Сарри ҳамон лаҳза худоҳофизӣ хоҳанд кард, агар ягон даста дар ҳаҷми 5 млн фунт стерлинг товонпулӣ ба далели бармаҳал қатъ намудани шартномаи ҳамкорӣ пардохт намояд. Дар давоми сол муносибати онҳо хеле сард шудааст ҳар ду тараф дар дил кина гирифтаанд, ки ҳатто ин пирӯзӣ пиряхҳоро об карда наметавонад. Аммо маҳз Мауриссо Сарри собит намуд, ки ин "Челси" аст, ки ба ӯ даркор нест, на ин ки ӯ ба дастаи "Челси". Сарри дар дастаи дигар сари баланд хоҳад дошт, аммо Челси дар гумон аст, ки сари худро боло бардорад дар он марҳилаи хеле мушкил, ки аз имрӯз оғоз гардид. Бӯҳрони сартосарӣ дар Лондон: бидуни Эден Азар, дар ҳоле ки аз даъвати футболбозони нав давоми ду сол маҳрум аст ва ҳине ки соҳибмулки даста дар Англия таҳрим шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив