Интихоби таърихӣ
Иштироки Люка Зидан дар ҳайати тими миллии Алҷазоир дар Ҷоми Миллатҳои Африқо таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кард. Ӯ дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Миллатҳои Африқо ду сейви муҳим анҷом дод ва дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ дошта тавонист.
Алҷазоир дар он рақобат муқобили Судон бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд ва новобаста аз даҳнафара анҷом додани бозӣ оғози хубе дар мусобиқа дошт.
Порчае аз қиссаи таърихии падар
Ин дар ҳолест, ки падари ӯ — Зинедин Зидан — тамоми фаъолияти варзишии байналмилалии худро зери парчами Фаронса сипарӣ карда буд ва чун рамзи устувору пурифтихории футболии ҳамин кишвар ба шумор меравад.
Зинедин Зидан аз солҳои 1994 то 2006 дар тими миллии Фаронса баромад карда, омори 31 гол дар 108 бозӣ бо серрангаҳоро дорад.
Зидан чун қаҳрамони ҷаҳон-1998, қаҳрамони Аврупо-2000 ва дорандаи медали нуқраи Ҷоми Ҷаҳон-2006 дар Олмон аз зумраи маҳбубтарин бозигарони футболии кулли давру замонҳо шинохта мешавад.
Вале видоъ бо тими миллии Фаронса бошад барояш бо эҳсоси дарду алам ва аз даст рафтани унвони қаҳрамонии ҷаҳон поён ёфт.
Аз ҷониби дигар ҳолати нанговар ва хотирмон барои Зидан он аст, ки ӯ пас зарба бо сар ба синаи Марко Матерасси дар финали ҶҶ-2006 муқобили Италия ҳарчанд, ки имкони бардоштани Ҷоми ҷаҳониро аз даст дод, вале шарафу номуси мардонагиро ҳифз карда тавонист.
Маҳз ҳамин хислати намунавии муҳаббати мухлисонро нисбаташ бештар кард.
Дастовардҳои Зидан вақти мураббигӣ бошанд достонҳои кулан дигаре доранд....
Шарҳи кӯтоҳ аз ҳаёти писарони Зидан
Албатта замоне, ки нафаре бо номи Зидан пас аз анҷоми маснади варзишӣ дар тими миллӣ дар идома аз футболи бошгоҳӣ ҳам ба оҳистагӣ канор мерафт, чор меросбари навбатии Зидан дар идомаи нияти баровардани ном тариқи футбол намуданд.
Люка Зидан 27 сол дорад ва айни ҳол дар Сегундаи Испания баромад карда, дарвозабони асосии тими Гранада мебошад.
Писари хурдии Зинедин Илёс Зидани 19-сола айни ҳол дифоъгари дастаи Бетис Депортиво аз дивизиони нахусти Шоҳигарии футболи Испания мебошад.
Нимҳимоягари марказӣ Энсо Зидан, ки роҳ ба самти футболи бузургро соли 2014 аз системаи Реал Мадрид шурӯъ намуда, билохира бидуни комёбиҳо чашмрас ва баромад дар тимҳои миёнаҳоли дивизионҳои дуюми испанӣ ахиран баъди ду соли баромад дар Фуенлабрада моҳи сентябри соли 2024 эълон хатми маснади варзишӣ намуд.
Дарвозабон Тео Зидан бошад 23-сола буда, аз соли 2014 инҷониби дар тими Кордова аз Сегундаи испанӣ баромад дорад.
Ҳарчанде, ки ҳеҷ яке аз онҳо мисли Зидан дар олами футбол машҳур нашуд, вале пайроҳаи ин писарони Зидан худ таърихи куллан дигар дорад. Масалан метавон аз интихоби хоссаи Люка Зидан ба ҷониби кишвари аҷдодӣ суханҳоро бештар кард.
Бахши наве дар ҳаёти Люка Зидан
Зеро Люка Зидан чӣ тавре медонем, дар сафи тими миллии Алҷазоир баромад карда, дарвозабони асосии ин тими қавии аафриқоӣ хоҳад буд.
Интихоби Люка зоҳиран идомаи тамоюле аст, ки солҳои охир дар бисёре аз дастаҳои қораи Африқо, Осиё ва ҳатто бархе кишварҳои Аврупо ба мушоҳида мерасад.
Имрӯз чунин дастаҳо на ҳамеша ба мактаби миллии худ такя мекунанд, балки бозигарони дорои решаҳои таърихиро аз Аврупо ҷустуҷӯ ва ҷалб месозанд.
Люка Зидан худ дар Фаронса ба дунё омада, дар ҳамин кишвар ва Испания ба воя расидааст ва ҳатто падару модараш низ дар Алҷазоир таваллуд нашудаанд.
Бо вуҷуди ин, решаҳои оилавии Зиданҳо, бахусус пайванди қавӣ бо насли бобоӣ, дар интихоби ӯ нақши ҳалкунанда бозидааст.
Дар бисёре аз ҳолатҳо чунин бозигарон ҳатто забони кишвари интихобкардаашонро намедонанд, агар сухан дар бораи фаронсавӣ, олмонӣ ё англисӣ наравад.
Ин раванд баҳсбарангез аст: бархе чунин дастаҳоро “на он қадар миллӣ” мешуморанд, дар ҳоле ки худи дастаҳои Аврупои Ғарбӣ қариб ҳамеша аз бозигароне иборатанд, ки дар ҳамин кишварҳо ба дунё омада ва ба камол расидаанд.
Ин мавриди метавон албатта, ки аз худи мунтахаби футболи Фаронса мисол овард, ки бештари онҳо аз футболбозони африқоитабори таваллудшуда дар Фаронса иборатанд.
Бо вуҷуди ин, интихоби Люка пурра қонунист ва ҳаққи шахсии ӯ ба шумор меравад.
Ҳатто эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар оянда яке аз бародарони ӯ — Илёс — зери роҳбарии худи Зинедин барои Фаронса бозӣ кунад.
Дар он сурат, соли 2030 метавон шоҳиди бозии рамзӣ шуд: Фаронса бо Илёс Зидан муқобили Алҷазоир бо Люка Зидан.
Ва агар Илёс ба сатҳи дастаи бузургсолони Фаронса нарасад, эҳтимоли он ҳам ҳаст, ки роҳи бародарашро интихоб кунад.
Футбол имрӯз дигар на танҳо масъалаи мансубият ба парчам ва ҷиҳатҳои ватанӣ, балки масъалаи решаҳои авлодӣ, имкониятҳо ва интихоби шахсиро низ дар миён мегузорад.
